Анкабут (сура)

(Тағйири масир аз Ал Анкабут)

Анкабут (араб. العنكبوتТортанак) — бисту нуҳум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шуда, аз 69 оят ва 7 рукӯъ иборат мебошад. Ба тартиби нузул сураи 81 аст. Номи Анкабут аз ояти 41 гирифта шудааст. Дар оғоз ҳуруфи муқаттааи Алиф, Лом, Мим дорад.

Сура —
Маънои ном Тортанак
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 29
Шумораи оятҳо 69
Ҷузъ 20
Ҳизб 40—41
Шумораи рукӯъ 7
Ҳарфҳои муқаттаа Алиф. Лом. Мим.
Сураи гузашта Сураи Ал Қасас
Сураи раванд Сураи Рум
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа

вироиш

Дар ибтидои Анкабут сухан дар бораи корҳои хубу бад меравад, ки инсон ихтиёран даст ба онҳо мезанад ва барои онҳо масъул аст. Сипас, боз қиссаи баъзе пайғамбарон (а) оварда шудааст: Нӯҳ (а), Тӯфон, Иброҳим (а), пайғамбарии ӯ, ӯро аз оташ раҳонидани Худо, ҳиҷрати Лут (а) бо Иброҳим (а), қавми Лут (а) ва аъмоли зишти онҳо, омадани фариштагон барои ҷазо додани қавми Лут (а), Шуайб (а) ва қавми ӯ, ҷазо додан ба қавми ӯ, зикри қавмҳои Оду Самуд ва ҷазои онҳо, Қорун, Фиръавн ва Ҳомон. Баъди ин зикр шудааст, ки ҳар кадоме аз ин қавмҳову шахсиятҳо ба яке аз ҷазоҳо гирифтор шуданд: боди сангбор, овози сахт, ба замин фурӯ рафтан, ғарқ шудан. Дар охир дар бораи Қуръон, мушрикону аҳли Китоб ва муносибати онҳо ба Қуръон, ҳиҷрат дар замини Худо, муъминон, қудрату тавоноии Худо, аз осмону замин ризқ додани ӯ, ҷойи боамн гардидани Макка, ҷиҳод ва ғайра оятҳо дарҷ гардидаанд.

  Алиф, лом, мим.   Оё мардум мепиндоранд, ки «Имон овардаем». мегӯянду, бе имтиҳону санҷиш гузошта мешаванд?   Албатта мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, озмудем, то Худо касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.   Оё онҳое, ки содиркунандаи гуноҳ мешаванд, пиндоштаанд, ки аз Мо мегурезанд? Чӣ бад ҳукм мекунанд!   Ҳар кас, ки ба дидори Худо ӯ мед медорад, бидонад, ки ваъдаи Худо омаданист ва Ӯ шунавову доност!   Ҳар кӣ чиҳод кунад, ба нафъи худ кардааст, зеро Худо аз ҳамаи ҷаҳониён беэҳтиёҷ аст.   Гуноҳони ононро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, нест мекунем ва беҳтар аз он чӣ амал кардаанд, мукофоташон медиҳем.
 

Тафсир

вироиш

Сарчашма

вироиш
Сураи қаблӣ: Ал Қасас Сура 29Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ар Рум


  NODES