Ирфон — аз забони арабӣ маънояш донистан, шинохтан мебошад. Ҷараёни динию фалсафиест, ки ба воситаи кашфу шуҳуд, бе иштироки ақлу идрок ба ҳақиқат (асосан ба моҳияти Худо) сарфаҳм рафтанро мефаҳмонад. Ирфон ҳамчун яке аз унсурҳои динӣ дар давраҳои хеле қадим пайдо шудааст. Унсурҳои ирфониро карби дар аксари таълимотҳои динию фалсафии Шарқу Ғарб ба монанди бараҳмания, конфусийчигӣ, пифагореизм, афлотуния ва навафлотуния дучор кардан мумкин аст.

  NODES