Об
Об – манбаи ҳаёт мебошад.
Сифати об
вироишОбу ободонӣ гуфтаанд. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста кардаанд. Маҳз аз давраҳои қадимтарин одамон дар соҳилҳои бузурги дарёҳои Нил, Сиру Омӯ, Миссисипӣ, Волга, Рейну Дунай, Гангу Брахмапутра мезистанд, барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд.Агар ба таьрихи муборизаи халқҳо нигарем барои ба даст овардани об чи андоза пурфоҷиа ва мураккаб будааст. Ба лӯлаҳои махсус аз Хитой ба Гонконг об бурдаанд. Бо оби овардашуда аксар ноҳияҳои Африқои Шимолӣ ва нимҷазираи Арабистон зиндагӣ мекунанд. Норасоии обро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунад. Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705км.кв мавҷуд аст. Кӯлҳои бузург асосан дар Помир мавҷуданд. 73% кӯлҳои Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии аз 3500то 5000м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Оби тоза
вироишОби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Беш аз 2 миллиард нафар одамон имрӯзҳо камбудии шадиди ин неьмати худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ ин масьала торафт мураккабтар мегардад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи чаҳониро ба муҳим будани ин масьала ба назар гирифта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаьҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эьтибор гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қарор қабул кард. Обро минерали нодиртарини захираҳои табии арзёбӣ намудаанд. Ягон ҷизи дигар обро иваз карда наметавонад. Аз миқдори умумии об 96,5% дар уқёнусу баҳрҳо мавҷуд аст. Оби ширини ошомиданӣ дар яхҳои Антарктида ва Арктика, дар минтақаҳои яхбандии доими ва пиряхҳои кӯхӣ ба миқдори 2,53% маҳфузанд.Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин мӯьҷизаи нодир бештар ба назар мерасад.Ва бояд гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати чаҳониён ба он нигаронида шудааст. Имрӯз, ки мо дар остонаи асри XXI қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем ё чи хеле, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат омадааст :” Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад”.