Муҳаммад Абдусалом (форсӣ: محمد عبدالسلام‎; 29 январ 1926[1][2][3][…], Jhang[d], Роҷи Бритониё21 ноябр 1996[1][2][3][…], Оксфорд, Бритониёи Кабир) — физикидони пуровозаи аҳли Покистон. Ӯ дар соли 1979 Ҷоизаи Нобели физикро ба хотири ироаи формулабандии воҳидӣ барои нерӯи электрумиғнотис ва нерӯи ҳастаии заъиф, ки барҳамкуниши электрузаъиф номида мешавад, дарёфт кард. Вай нахустин покистонӣ ва дувумин мусалмон пас аз Анвари Содот буд, ки барандаи Ҷоизаи Нобел шуд.

Муҳаммад Абдусалом
англ. Abdus Salam, урду: عبد السلام
Абду Салом
Таърихи таваллуд 29 январ 1926(1926-01-29)
Зодгоҳ Панҷоб (Покистон) Покистон
Таърихи даргузашт 21 ноябр 1996(1996-11-21) (70 сол)
Маҳалли даргузашт Шаблон:МС, Британияи Кабир
Кишвар  Покистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d]
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Government High School, Jhang
Sanatan Dharma College, Lahore
Government College University Lahore (BA)
University of Mumbai
Punjab University (MA)
St. John's College, Cambridge (PhD)
Роҳбари илмӣ Николас Кеммер
Paul Taunton Matthews[en]
Шогирдон Jonathan Ashmore[d], Faheem Hussain[d], Pervez Hoodbhoy[d], Abdul Hameed Nayyar[d] ва Ghulam Dastagir Alam[d]
Ҷоизаҳо
Knight Commander of the Order of the British Empire Nishan-e-Pakistan Knight Grand Cross of the Order of Merit of the Italian Republic Order of Independence Grand Cross of the Order of Excellence Sitara-i-Imtiaz

Atoms for Peace Award[d]

ҳамкори Анҷумани салатанатӣ[d]

Pride of Performance
Copley Medal

Royal Medal[d] (1978)

Ҷоизаи Нобел дар бахши физик

Нишони зарини Ломоносов[d] (1983)

Hughes Medal[d] (1964)

Matteucci Medal[d] (1978)

Honorary doctors of Ghent University[d] (18 март 1988)

Catalonia International Prize[d] (1990)

TWAS fellow[d]

National Order of Scientific Merit

J. Robert Oppenheimer Memorial Prize[d] (1971)

honorary doctor of the University of Gothenburg[d]

доктори фахрии Донишгоҳи Кембриҷ[d]

honorary doctor of the University of Edinburgh[d]

Marcel Grossmann Award[d] (1985)

узви Ҷамъияти физикии Амрико[d]

honorary doctor of the University of Madrid Complutense[d] (1983)

Bakerian Lecture[d] (1980)

Maxwell Medal and Prize[d] (1962)

Adams Prize[d] (1958)

Fellow of Bangladesh Academy of Sciences[d]

Fellow of Pakistan Academy of Sciences[d]

Guthrie Medal and Prize[d] (1976)

honorary doctor of the University of Science and Technology of China[d] (1986)

Associate Fellow of the African Academy of Sciences[d] (1987)

honorary doctor of Istanbul University[d]

honorary doctor of the University of Exeter[d]

John Torrence Tate Medal[d] (1978)

Royal Society Bakerian Medal[d]

Edinburgh Medal[d] (1989)

Great Cross of the National Order of Scientific Merit

John Torrence Tate Medal[d] (1978)

Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аз соли 1980 то соли 2017 ба далели пешгирӣ аз даргириҳои мазҳабӣ ҳамвора аз бурдани номи вай дар миёни мардум ҷилавгирӣ шудааст, зеро ба ҷои дастовардҳои бисёри ӯ, ҳамеша бовари мазҳабиаш меъёри доварӣ дар бораи ӯ буд. Дар соли 2018 торнамои Netflix филми мустанаде бо номи «Абдусалом, нахустин барандаи ҷоизаи Нобел»-ро дар бораи ӯ сохт, ки ишорае ба ҳазфи вожаи «мусалмон» аз санги қабри ӯ низ дорад.

Муҳаммад Абдусалом дидгоҳи зиддиистеъморӣ дошт. Ва ба чашми ҷаҳониён аввалин мусалмоне буд, ки барандаи Ҷоизаи Нобели физик мешуд, вале дар кишвари худаш, Покистон, ӯро мусалмон намешумориданд.

Оғози зиндагӣ

вироиш

Муҳаммад Абдусалом дар соли 1926 дар Ҷаҳанг дар Панҷоби Марказӣ дар оилаи табақаи миёна таваллуд шудааст. Падараш омӯзгор буд ва мегуфт, ки таваллуди Салом натиҷаи илҳомест, ки ҳангоми намози ҷумъа аз Худованд дарёфт кардааст. Аз ин рў, Абдусаломро аз дигар фарзандонаш бартар медонист. Салом аз корҳои хона, аз қабили дӯшидани гов ё тамиз кардани дастшӯӣ озод буд ва барои ҳамин, фурсат дошт маҳорати камназири худ дар риёзиётро парвариш бидиҳад. Бо ин ҳол, даврони кӯдакии ӯ чандон мураффаҳ набуд ва ба гуфтаи худаш то ҳангоми вуруд ба Колеҷи давлатии Лоҳур ломпро (чироғи барқиро) надида буд.

Таҳсил

вироиш

Муҳаммад Абдусалом дар Коллеҷи давлатии Лоҳур ба ёдгирии риёзиёт пардохт. Истеъдоди шигифтангези ӯ дар риёзиёт ва физика ӯро аз ҳамсинфонаш ҷудо кард. Пас аз таҳсил дар Донишгоҳи Панҷоб, барандаи як бурси таҳсилотӣ барои дуктурӣ (бурсияи PhD) шуд ва барои давоми таҳсилот ба Донишгоҳи Кембриҷ дар Бритониё рафт. Дар он ҳангом, Абдусалом аз ангуштшумор афроде буд, ки аз Осиёи Ҷанубӣ дар Коллеҷи Сент Ҷон таҳсил мекарданд. Ишқ ба зодгоҳ боис шуд ба маҳзи поёни давраи дуктурӣ дар соли 1951 ба Лоҳур баргардад ва ба ҳайси устоди риёзиёт ба тадрис машғул шавад.

Пижӯҳиш

вироиш

Пижӯҳишҳои Муҳаммад Абдусалом дар тарҳҳои назарияи физикаи заррот бисёр муҳим ҳастанд ва ба навъе муқаддимаи кашфи Бузун Ҳигс буданд. Ӯ касе буд, ки назарияи нутринуро густариш дод.

 
Бо Қасими Маҳмуд дар соли 1986

Покистон

вироиш
 
«Аввалин мусалмоне, ки барандаи ҷоизаи Нобел шуд»

Дар соли 1953 пас аз он ки гурӯҳҳое дар шаҳри Лоҳур алайҳи мардуми аҳмадия шӯриш карданд ва шумори зиёде аз пайравони он кушта шуданд, Абдусалом тасмим гирифт, ки Покистонро тарк кунад. Ӯ дар оғоз ба Донишгоҳи Кембриҷ баргашт. Аммо чанд сол баъд ба Имперёл Коллеҷ Лондон рафт ва ба роҳандозии донишҳои физики назарӣ дар ин донишгоҳ кумак кард. Бо ин вуҷуд, ҳеч гоҳ Покистонро аз назари хеш дур накард ва ҳамчунон дар муҳимтарин тарҳҳои илмии он кишвар ҳамкорӣ мекард.

Абдусалом барномаи фазоии Покистонро дар соли 1961 оғоз кард ва дар авоили даҳаи 1970 дар барномаи баҳсбарангези Покистон барои сохтани силоҳи ҳастаӣ ҳамкорӣ дошт. Аммо пас аз он ки Зулфиқор Алӣ Бҳутто, нахуствазири он ҳангоми Покистон, дар Маҷлиси Покистон қонуне алайҳи мусалмонони аҳмадиро тасвиб кард, ки он аҳмадияро як фирқаи ғайримусалмон ва кофир мешинохт, аз иртиботи худ бо давлати Покистон кост ва ба мухолифони сарсахти ҷангафзорҳои ҳастаӣ пайваст.

Рӯи санги мазори Муҳаммад Абдусалом дар шаҳри Рабваҳи Покистон навишта шудааст: «Нахустин мусалмони барандаи ҷоизаи Нобел», аммо мақомоти покистонӣ вожаи «мусалмон»-ро аз рӯи санги қабри ӯ пок карданд.

Салом бо вуҷуди ҳама озору азиятҳо ба кишвар ва мардуми Покистон вафодор монд ва бо вуҷуди пешниҳоди шаҳрвандии Бритониё ва Итолиё, то поёни умр шаҳрванди Покистон боқӣ монд. Дар санги мақбараи Салам дар шаҳри Рабваҳи Покистон «Аввалин мусалмоне, ки барандаи ҷоизаи Нобел шуд» навишта шуда буд, аммо мақомоти Покистон калимаи «мусулмон»-ро аз санги мазори ӯ ҳазф карданд.

Мазҳаб

вироиш

Абдусалом пайрави мазҳаби аҳмадия буд. Аҳмадия як ойини исломист, ки решааш аз таълимот ва зиндагии Мирзо Ғулом Аҳмад, асосгузори ин мазҳаб аст, ки даъвои Маҳдӣ ва Масеҳ ва Наҷотдиҳандаи ваъдашуда буд, дорад. Ин ойин Муҳаммадро нахустини паёмбарон медонад на охирини паёмбарон ва Мирзо Ғулом Аҳмадро паёмбар медонад.

Салом дар дафтари худ дар Лондон пайваста Қуръонро гӯш мекард. Ӯ динро садди роҳи илм намедонист. Ва ӯ боварӣ дошт, ки ин ду якро пурра мекунанд. Салом ба баъзе ҳамкорони худ мегуфт, ки Худо бисёр андешаҳояшро дар зеҳнаш ҷойгир кардааст. Вай мехост, ки ба як назарияе биёяд, ки тамоми физикаи зарраҳоро шарҳ диҳад. Чунин назария ба эътиқоди динии ӯ мувофиқ буд.

Фаъолиятҳо

вироиш

Дар байни солҳои 1960—1974 Абдусалом мушовири илмии Раисиҷумҳури Покистон ва бунёдгузори барномаҳои кайҳонӣ ва ҳастаии ин кишвар буд.

Соли 1974 Абдусалом кишварро тарк кард ва ба нишони эътироз ба тасвиби ислоҳи конститутсия, ки мазҳаби аҳмадияро ғайримусулмон эълон кард, ӯ ба Триести Итолиё муҳоҷират кард . Аммо ӯ робитаи худро бо ҷомеаи илмии Покистон қатъ накард.

Муҳаммад Абдусалом муассиси Маркази байнулмилалии физикаи назариявӣ (ICTP) дар Триести Итолиё буд ва ӯ дар солҳои 1964—1993 роҳбарии ин марказро бар уҳда дошт. Пас аз ин давра номи марказ ба номи "Маркази байналмилалии физикаи назарии Абдусалом " иваз карда шуд.

Дар Эрон

вироиш

Абдусалом дар соли 1367 (1989) ба Эрон сафар кард ва ба унвони меҳмони вижа дар маросими ифтитоҳи нахустин курси доктории физика дар Донишгоҳи санъатӣ (технологӣ)-и Шариф ширкат кард. Ҳоло китобхонаи донишкадаи физикаи Донишгоҳи технологии Шариф ба номи ӯ гузошта шудааст.

 
Абдусалом дар Эрон
  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш
  NODES
Done 1