Аборигенҳо - (аз калимаи лотинӣ - сокинони таҳҷоӣ) - истилоҳе, ки дар Руми Бостон маъмул буд ва номи сокинони муқимӣ, таҳҷоии мамлакатро ифода мекард. Истилоҳи аборигенҳо дар Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ ба кор бурда мешавад. Ин ибора ба забони русӣ ҳамчун “коренные народы" тарҷума шудааст, ки ба ибораи тоҷикии “халқиятҳои таҳҷойи” мувофиқ аст. Дар ИМА ба аборигенҳо ҳуқуқи мустаснои истифодаи замину обе, ки дар ҳудуди истиқомати онҳо ҷойгиранд, дода шудааст. Бо ҳамин сабабҳо дар ҳуқуқи конститутсионии давлатҳое, ки дар заминҳои аборигенҳо сокинбуда ташкил ёфтаанд, ҳуқуқи аборигенҳо ба замин кафолат дода шуда, ибораи “марзи аборигенҳо” истифода мешавад.[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. Душанбе: ЭР-граф, 2009, - c. 11.

Сарчашма

вироиш
  NODES
Intern 1