Абхозҳо (абх. аԥсуа) — халқ дар Кавказ, аҳолии асосии Абхозистон, ки дар шимоли ғарбии Кавказ зиндагӣ мекунанд. Теъдоде аз Абхозҳо дар Туркия, Русия, Сирия, Урдун, Европаи Ғарбӣ ва ИМА низ иқомат доранд.

Абхозҳо
Номи қавмии ҳозира абх. аҧсуаа
Шумора
  • тақрибан 185 000 тан
Сукунат
Забон забони абхозӣ
Дин масеҳияти православӣ, суннӣ ва Abkhaz neopaganism[d]
Ҷузъе аз Northwest Caucasian[d]
Гурӯҳҳои қавмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шумораи умумии Абхозҳо

вироиш

Шумораи умумии Абхозҳо 185 000 нафар буда (ибтидои садаи XXI), дар ҳудуди Абхозистон 94 600 нафар зиндагӣ мекунанд. Забонашон абхозӣ, аз қадим хати худӣ надоштанд, қисман ба хати гурҷӣ ва бархе ба кириллӣ менависанд, забони русӣ низ маъмул аст. Эътиқодмандон ҳанӯз аз ибт. садаи VI ба дини масеҳӣ (православӣ) ва аз садаи XV ба ислом (мазҳаби аҳли тасаннун) гаравидаанд. Абхозҳо аз қадимулайём гурӯҳҳои маҳдуди этникӣ доштанд, ки забон ва аносири маданиашон аз ҳамдигар фарқ мекарданд: садзиҳо (дар Туркия ва Оҷористон зиндагӣ доранд), ахчипсҳо (Туркия), аибтаҳо (Туркия), пасхувҳо (Туркия), бзипсҳо (Абхозистон), гумсҳо (Туркия), сабалҳо (Туркия), абҷӯйҳо (Абхозистон), самурзаканҳо (Абхозистон). Ҳамчунин ҳабашҳои абхозшуда низ мавҷуданд. Аҷдоди Абхозҳо сокинони асосии қадимтарин давлатдории Кавказ буданд, ки Колхида ном дошта, 1200 сол қабл арзи ҳастӣ намуда буд. Урфу одати абхозҳо ба гурҷиҳо ва забону маданияташон ба адигейҳо қаробат дорад.

Сарчашма

вироиш
  NODES