Автограф (аз авто… ва юн. grapho – менависам), 1) соядаст барои хотира аз муаллифи асар; 2) матни бо даст худи муаллиф навишташуда, дастнавис автограф маъхаз ва сарчашмаи муътабар буда, коргоҳи эҷодии ҳар як муаллиф ҳисоб меёбад. Дар асоси он матни саҳеҳ, боэътимод ва нусхаҳои аслии осори нависандагон санъаткорону олимон ва ходимони давлатӣ муайян ва ба чоп ҳозир карда мешаванд.Автогенез дар илми матншиносӣ яке аз маъхазҳои асосӣ ба шумор меравад.

Сарчашма

вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.


  NODES