Акварел (фаронсавӣ agurello, аз agua – об) — рангест, ки дар об ҳал мешавад. Инчунин мусавварае, ки ба воситаи ин ранг меофаранд. Расмкашӣ бо акварели ғализ (бо омехтаи ранги сафед) ҳанӯз дар Мисри Қадим, дунёи атиқа ва Европаю Осиёи асрҳои миёна маъмул буд. Ба истифодаи акварели мусаффо бе омехтаи ранги сафед, ки сифати асосии он шаффофии рангҳо буд, дар аввали садаи XV шурӯъ карданд. Дар асрҳои 16 – 17 акварелро барои кандакорию наққошӣ ва ангораю суратҳои рӯидеворӣ истифода мекарданд. Аз нимаи дуюми садаи XVIII акварелро барои наққошии манзара ба кор бурданд. Дар ин давра дар Англия як зумра рассомон – акварелистҳои касбӣ ба майдон омаданд (А. ва Ҷ. Р. Козенс, Т. Гёртин ва дигарон). Дар садаи XVIII Акварел инчунин ба Франсия (О. Фрагонар, Ю. Робер) ва Россия (Ф. А. Алексеев, М. М. Иванов) роҳ ёфт. Дар садаи XIX рассомони машҳури мамлакатҳои гуногун – Э. Делакруа, О. Доме, П. Гаварни, А. Менсел, И. Е. Репин, В. И. Суриков, М. А. Врубел ба акварел рӯй оварданд. Дар охири асри 19 ва асри 20 акварелро бештар дар омехтагӣ бо ранги сафед, гунаш, ранги нуқрагӣ ва ғайра истифода мебурданд. Дар санъати рассомии тоҷик мусаввараҳои акварелӣ дар эҷодиёти Г. Кузмин, В. Боборикин, А. Ашӯров, Р. Хошмуҳаммедов ва дигарон мавқеи намоён доранд.

Сарчашма

вироиш
  NODES
os 1