Акролеин — СH2 = OH – СНО, навъе аз алдегидҳои беҳад. Моеи беранг, бӯи бад дорад; ҳарорарти ҷӯшишаш 52,5°С. Ҳангоми буғронии чарбҳо бо миқдори хеле кам ҳосил мешавад. Акролеинро бо роҳи бо моддаҳои обгир (масалан, бисулфати калий) гарм кардани глитсерин, дар техника бошад, бо роҳи бевосита оксидкунонии пропилен ҳосил мекунанд. Аз сабаби дорои бандҳои беҳад будан, ба полимеризатсия майл дорад. Ба реаксия дохил мешавад, бинобар ин вайро барои истеҳсоли зифтҳои синтезӣ ва моддаҳои гуногун истифода мебаранд. Акролеин дар истеҳсоли дорувор низ кор фармуда мешавад.

Сарчашма

вироиш
  NODES