Амилазаҳо
Амилазаҳо (юн.-қад. ἄμυλον — сафеда, крахмал) — ферментҳое, ки оҳар, гликоген ва дигар полисахаридҳои ба онҳо наздикро таҷзия мекунанд.
Навъҳо
вироишСе навъи амилазаҳо маълуманд: α-Амилаза (крахмалро ба декстринҳо табдил медиҳад; амилазаи декстриногенӣ); β-Амилаза (крахмалро ба малтоза табдил медиҳад; амилазаи сахарогенӣ); глюкозамилаза (ҳосил шудани глюкоза ва декстринро таъмин менамояд). α-Амилаза дар рустаниҳо ва микроорганизмҳо вомехӯрад. Ба банди гликозидии α −1,4 таъсир намуда, онро аз ҷое, ки барқарор накардааст, таҷзия менамояд. Дар натиҷа малтоза ҳосил мешавад. β-Амилаза дар рустаниҳои олиташаккул мавҷуд аст. Глюкозамилаза ҳосил шудани глюкоза ва декстринро катализ менамояд. Одатан, гидролизи полисахаридҳо бо иштироки якҷояи амилазаҳои гуногун ба амал меояд. Зери таъсири шираи тухми нешзадаи ҷав ба қанд табдил ёфтани крахмалро (таъсири ферментативии амилазаҳо) олими рус К. С. Кирхгоф баён намудааст (1814). Аввалин доруи ферментиро олимони франсавӣ А. Пайен ва Ж. Персо (1833) аз шираи сумалак ҷудо кардаанд. Баъзе амилазаҳо дар ҳолати кристаллӣ ҷудо карда шудаанд. Амилазаҳо аҳамияти калон доранд. Онҳо барои ҳазми хӯрок ёрӣ мерасонанд. Дар саноати спирткашӣ, нонпазӣ ва ғ. истифода мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ненисцеску К. Д., Органическая химия, т. II, М., 1963;
- Нестеренко М. В. (ва диг.), Биохимия, М., 1987;
- Келети Т., Основы ферментативной кинетики, М., 1990;
- Исламов P. А. (ва диг.), Биотехнология. Теория и практика, № 2, 2005.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.