Андрология (юн.-қад. ἀνδρῐκός — «мардона» + юн.-қад. λόγος — «омӯзиш») — як соҳаи илми тиб, ки фаъолияти ҷинсии мардҳоро аз нигоҳи физиологӣ ва патологӣ меомӯзад.

Бино ба муқаррароти Созмони байналмилалии тандурустӣ вазифаи андрология тадқиқи солимии насловарии мардҳо мебошад.

Самтҳо

вироиш

Андрология дар чор самт инкишоф меёбад: якум – омӯзиши ноҷӯриҳои ҷинсӣ, ки ба бемориҳои узвҳои таносул вобастаанд; дуюм – тадқиқи ноҷӯриҳои ҷинсие, ки ба бемориҳои узвҳои дигар алоқаманд мебошанд; сеюм – омӯзиши нуқси инкишофи ҷинсӣ, ки дар мавриди он фарқият байни нишонаҳои мард ва зан барҳам мехӯрад; чаҳорум – тадқиқи масъалаҳои танзими оила ва безурётии мардҳо. Андрология ба масъалаҳои бенаслӣ, гипогонадизм (нуқси тарашшӯҳи ғадудҳои усораи дохилӣ), безурётии мард, костагии нууз (эрексия), таназзули физиологии фаъолияти ҷинсии мард ва ғайра эътибори ҷиддӣ медиҳад. Андрология ҳамчун тахассуси алоҳидаи тиббӣ фақат дар чанд давлат (Франсия, Италия) вуҷуд дорад, вале дар ин мамлакатҳо низ онро як бахши эндокринология меҳисобанд. Ихтисоси «андролог» бошад, дар Миср ва Индонезия мавҷуд аст. Андрология тамоми бемориҳои аъзои таносули мардро дар ҳама синну сол дар бар мегирад (амрози илтиҳобӣ, осебҳои гуногуни узвҳои ҷинсӣ, омосҳо, сусткамарӣ ва ғайра). Дар инкишофи андрология дастовардҳои биологияи умумӣ, биологияи молекулавӣ, эмбриология, физиологияи эътидолӣ ва эътилолӣ, эндокринология ва ғайра хеле муҳим мебошанд. Истифодаи усулҳои биология ва генетикаи молекулавӣ дар тадқиқи бенаслии мардҳо ва гипогонадизм, тазриқи дохилиҳуҷайравии нутфа, корбасти доруҳои босамар ҳангоми сусткамарӣ ва ғайра дар пешрафти андрология саҳми назаррас гузоштанд. Андрология дар баъзе мавридҳо ба амалиёти ҷарроҳӣ низ рӯ меоварад.

Омӯзиш дар Тоҷикистон

вироиш

Дар Тоҷикистон аввалин шуъбаи андрологӣ (барои 20 кат) соли 1995 дар заминаи клиникии кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ташаббуси профссор Т. Р. Қодирӣ ташкил шуда буд. Соли 2008 чунин шуъба дар Беморхонаи клиникии вилоятии Суғд (барои 30 кат) низ таъсис ёфт. Шуъбаи андрологӣ дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии «Урология» низ фаъолият дорад.

Сарчашма

вироиш


Шаблон:Andrology-stub

  NODES