Анта́нта (фр. entente ризоият аз entente cordiale — ризоият аз дил) — иттифоқи империалистии Англия, Франсия ва Русияи подшоҳӣ, ки солҳои 19041907 ташкил шуда, дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба муқобили Германия ва иттифоқчиёни он (Иттифоқи сегона) бештар аз 20 давлатро муттаҳид намуд.

Плакати Русияи подшоҳӣ соли 1914
Плакати Русияи подшоҳӣ соли 1917

Ташкилёбӣ

вироиш

Ташкил ёфтани антанта ихтилофи байни иштирокчиёни онро кам карда бошад ҳам, тамоман бартараф нанамуд (масалан, рақобати Англияю Русия дар Эрон, низои се иштирокчии антанта дар Балкан ва Туркия). Германия кӯшиш мекард, ки мухолифати давлатҳои антантаро тезу тунд кунонда, Русияро аз иттифоқчиёнаш дур намояд, аммо мақсадҳои стратегии ҳукумати подшоҳӣ, вобастагии молиявии Русия ба Франсия, инчунин нақшаҳои истилогаронаи худи империализми Германия ба амалӣ шудани ин ҷидду ҷаҳди Германия монеъ мегардид. Давлатҳои антанта ҳам дар навбати худ мақсад доштанд, ки Италия ва Австрияю Венгрияро аз Иттифоқи сегона барканор кунанд. Майи 1915 Италия ба тарафи антанта гузашт. Аз рӯзҳои аввали Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба иттифоқи антанта давлатҳои нав ҳамроҳ шуданд, то охири ҷанг ба ҳайати он (ба истиснои Русия, ки баъди Револютсияи Октябр аз ҷанг даст кашида буд) боз 28 давлат дохил шуд. Баъди Револютсияи Октябр мамлакатҳои антанта ва ИМА ба Давлати Советӣ ҳуҷум карданд. Халқи советӣ таҷовузи антантаро барҳам дод.

Сарчашма

вироиш
  NODES
os 1