Антисептика (лот. anti — зид, septicusуфунат), зиддиуфунӣ — маҷмӯи тадбирҳоест барои безарар гардондани ҷароҳат ва тамоми он чӣ ки ҳангоми муолиҷа истифода мешавад.

Таърих

вироиш

Антисептикаро бар зидди бактерияҳое, ки ба ҷароҳат ворид шудаанд, кор мефармоянд, аз ин рӯ он бештар аҳамияти табобатӣ дорад. То пайдоиши моддаҳои антисептикӣ бемориҳоро бо роҳи ҷарроҳӣ кам табобат мекарданд, зеро баъди ҷарроҳӣ оризаҳои гуногун (саромос, уфунати хун ва ғайра) ба вуҷуд меомаданд. Соли 1863 микробиологи фарансавӣ Л. Пастер собит кард, ки пӯсиш ва туршшавӣ ба фаъолияти микроорганизмҳо вобаста аст. Ҷарроҳи англис Д. Листер дар асоси тадқиқоти Л. Пастер ва мушоҳидаҳои худ ба хулоса омад, ки сабаби оризаҳои уфунатӣ микроорганизмҳое мебошанд, ки ба ҷароҳат ворид шудаанд. Ӯ аввалин шуда усули муборизаро бар зидди микроорганизмҳо пешниҳод кард ва онро антисептика номид (1867). Усули мазкур ба ҷароҳат роҳ ёфтани микробҳоро пешгирӣ ва микробҳои ба ҷароҳат афтодаро нобуд мекард. Чун воситаи бактерисидӣ (микробкуш) кислотаи карболат истифода мешуд. Бо маҳлули он асбобу анҷоми ҷарроҳиро безарар мегардонданд, духтур дастонашро пеш аз ҷарроҳӣ мешуст, маҳлулро ба хонаи ҷарроҳӣ мепошиданд. Аммо баъд маълум гардид, ки кислотаи карболат заҳри қотил буда, метавонад бофтаҳои ҷароҳатро нобуд кунад, ҳангоми нафасгирӣ боиси заҳролудии организм шавад. Лозим омад, ки аз чунин антисептик даст кашанд. Аммо инкишофи антисептика ба туфайли моддаҳои нав, ки таъсирашон зудтару заҳрнокиашон камтар буд, давом кард. Ҳамзамон ҷустуҷӯи усулҳое, ки микробҳоро безарар гардонанду барои организм беосеб бошанд, оғоз ёфт. Муқаррар гашт, ки микроорганизмҳо аз таъсири ҳарорати баланд нобуд мешаванд. Ҷарроҳи немис Э. Бергманн тарзи нави безараргардониро кашф намуд ва онро асептика номиданд. Бо ёрии маводи антисептика имкон дорад, ки баъзе касалиҳои ангезандаашон микробҳои уфунатӣ (масалан, мастит) бе ҷарроҳӣ табобат карда шаванд. Вале ин воситаҳо ҳамеша натиҷа намебахшанд. Масалан, молидани маҳлули спиртии йод бактерияҳои захми сатҳи пӯст, пучак, ҷои харошхӯрдаро ҳамон вақт комилан нобуд ва иллатро дуруст мекунад, ки агар микробҳо такроран сироят нанамоянд. Аз ин рӯ, ҳангоми расондани ёрии аввалини таъҷилӣ (дар аснои ярадор шудан, сӯхтагӣ) қоидаҳои одитарини асептикиро риоя бояд кард. Дар хона нигоҳ доштани матоъи захмбандӣ (дока ва пахтаи тамйизшуда) ва бинт лозим аст. Масолеҳи захмбандие, ки аз дорухона гирифтаанд, дар сурате тоза (безарар) мемонад, ки халтачаи он нодарида ё тар нашуда бошад. Пеш аз кушодани халтача дастҳоро бо собун тоза шуста, хушк кардан ва спирт ё атр молидан лозим аст. Хуб мешуд, ки дар хона пинсет ҳам бошад. Онро пеш аз истифода 10 дақиқа дар об меҷӯшонанд. Ҳангоми захмбандӣ масолеҳи захмбандиро бояд аз як кунҷаш гирифт (на аз ҷое, ки ба сатҳи ҷароҳат мерасад). Халтачаи захмбандии шахсӣ барои истифода хеле мувофиқ аст. Дар сурати набудани масолеҳи захмбандии тамйизшуда матоъи пахтагии тозаю дарзмолкардаро низ кор фармудан мумкин.

Адабиёт

вироиш
  • Красильников А. П., Справочник по антисептике, Минск, 1995;
  • Санитарные правила и нормы, Минск, 1999;
  • Щербо А. П., Больничная гигиена, С.-Пб., 2000.

Адабиёт

вироиш
  NODES