Антропоген (аз юн.-қад. ανθρωπος, одам ва γένος — пайдоиш) — номи давраи чорумини эраи кайнозой, давраи навтарини таърихи геологияи Замин, ки ҳоло ҳам идома дорад.

Синни давраи антропогенро аз 600 ҳазор то 1 млн сол, баъзан то 2 — 3 млн сол ҳисоб мекунанд. Истилоҳи антропогенро соли 1922 геологи рус А. П. Павлов дар он асос тавсия намуд, ки таърихи пайдоиш ва ташаккули одам ба ин давра алоқаманд аст. Хусусияти асосии антропоген сардшавии умумии иқлими рӯи Замин мебошад. Дар ин муддат сармои қаҳратун борҳо такрор ёфта, қисми зиёди материкҳои Нимкураи Шимолӣ якчанд маротиба яхпӯш шудаанд. Дар қисми экватории Замин иқлим сусттар тағйир ёфта, муҳити хушкӣ ба ҳозира қариб мувофиқ буд. Дар давраи антропоген ҳаракатҳои шадиди тектоникии қишри замин рӯй додаанд, ки онҳо махсусан дар минтақаҳои чиндори алпии Евросиё, ноҳияҳои атрофи Уқёнуси Ором, системаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ, инчунин ҷан. қисми осиёгии Федератсияи Русия равшан зоҳир шудаанд. Дар ибтидои давраи антропоген дар ноҳияҳои чиндори номбурда вулқонизм назар ба ҳозира пуршиддат зоҳир шудааст.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  NODES
os 1