Асри санг — қадимтарин давраи таърихии ташаккули инсоният, ки воситаҳои асосии кору меҳнат аз санг тайёр карда мешуданд. Агарчи дар имтидоди ин вақти бузург (аз 3 млн то 4 ҳазор сол қабл) чӯб ва устухон низ истифода мешуд, вале чун истифодаи олоти сангӣ бар ҳама ғолиб буд, он ба давраи санг номгузорӣ шуд.

PachtenMuseumPfeilspitzen

Даврабандии асри санг

вироиш

Омӯхтани аслиҳа ва олоти гуногуни истеҳсолии мавриди истифодаи инсони қадим чунин нишон медиҳад, ки дар давраи хеле қадим олоти мавриди истифодаи инсони ибтидоӣ одӣ ва дағал буд. Ин давраро давраи палеолитӣ ё худ асри санги қадим меноманд, ки дар Осиёи Марказӣ дар ҳудуди аз 800 то 12 ҳазор сол давом кардааст. Аслиҳа ва олоти давраи неолит ё худ асри санги нав бошад, аз 6 то 2 ҳазор солро дарбар гирифта, то андозае як шакли такмилёфтаро дар худ акс кардаанд. Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ аз нигоҳи илмҳои бостоншиносӣ, таърих, палеоанторопология ба давраҳои алоҳида тақсим шудааст. Ин давра, баъди таърихи қадимтарин ба асри санг, асри биринҷ, ва асри оҳан тақсим мешавад. Асри санг ба давраи қадимаи сангӣ - палеолит ҷудо шуда, он дар навбати худ ба марҳилаҳои палеолити поён 800-200 ҳазор сол, миёна 200-35 ҳазор сол, боло 35- 12 ҳазор сол тақсим мешавад. Давраи нави санг неолит аз 6 то 2 ҳазор солро дарбар мегирад. Дар давраи охири неолит аввалин олоти мисӣ паӣдо шуданд. Олимон ин марҳилаи мису сангро давраи энеолит меноманд.

Бостоншиносон дар асоси фарқи навъҳои олоти сангӣ ва тарзу усули тайёр кардани онҳо асосан Асри сангро чунин даврабанди кардаанд:

  • палеолит — (асри қадимтарини санг то ҳазорсолаи 12–13 то м.),
  • мезолит — (асри миёнаи санг – ҳазорсолаҳои 10–6-и то м.),
  • неолит — (асри нави санг – ҳазорсолаҳои 6–2-и то м.)

Давраҳои палеолит

вироиш

Дар навбати худ палеолитро ба палеолити поён, миёна ва боло тақсим кардаанд.

  • Палеолити поён аз зинаҳои олдувай ва ашел,

Палеолити поён (950-200 ҳазор сол қабл аз милод). Аввалин одамони ибтидоӣ дар ҳудуди сарзаминҳои тоҷикон тақрибан дар фосилаи аз 950 ҳазор сол то 1 миллион сол пеш аз милод пайдо шуданд. Бостоншиносон Али Ориёӣ аз Эрон ва Клод Тибу аз Фаронса соли 1975 дар канораи Кашафрӯди остони Хуросон шаст намуна абзори мутааллиқ ба даврони кӯҳани сангиро ҷамъоварӣ карданд. Ин абзор ба замони байни 800 ҳазор то 1 миллион сол муқаддам пардохта шуда, дар шумораи нахустин дастсохтаҳои башар дар ин минтақа махсуб мешаванд. Осори одамони ибтидои дар пештар аз 30 нуқтаи ҷануби Тоҷикистон , дар қабатҳои замини қадими буришҳои зардхок ошкор гардиданд. Лекин танҳо 5 нуқта аз назари бостоншиноси тадқиқ шудааст. Соли 1980 бостоншиноси ленингради Пётр Павлов дар ҳайати илмии археологи бо сардории В.А.Ранов дар Кулдараи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар қабатҳои 11 ва 12-уми буриши зардхоки баландиаш 130 метр ёдгории алъон қадимтарини палеолити поёнро дар Осиёи Миёна кашф намуд. Ҳамаги 40 адад абзори сангии одамони аввалин: белчаҳо, асбобҳои теғдор ва дирафш ёфт шуданд. Мувофиқи тадқиқи методӣ бо ном марҳилаҳои изотопи каҷ, синни бозёфтҳои сангии қабатҳои 11-12 Кулдара ба 950 ҳазор сол баробар аст. Дар ҷануби Тоҷикистон ҷой гирифтани одамони аввалин наздик 1 миллион сол қабл руй дод.

  • палеолити миёна аз мустйе,

Полеолити миёна (200-35 ҳазор сол қабл). Муҳимтарин хусусияти абзори сангии палеолити миёна якхелаги, стандартноки ё такроршавии пораҳои шикастаи санг ва мавҷудияти шумораи зиёди варақаҳои тарҳашон мутаносиби саҳеҳ мебошад. Устоҳои ибтидои бо тарзи махсуси шикастан, кафонидан аз магзи санг ҷудо кардани варақа, ки онро техникаи «леваллуа» меноманд, теғаи дастии ба иҷрои ҳамаи корҳо муносиб сохтанд. Зоти одамони неандертал – пешинаи насри муосир ташаккул ёфт. Донишмандон ин зотро намояндаи маданияти палеолити миёна ё худ мустиер (аз номи ёдгории маъруфи Фаронса ) номидаанд. Тамоми абзори сангии ин зинаи таърихи давраи қадимтарин аз ваҷҳи техникаи сохташавиашон ба навъҳои леваллуа – мустиер, мустиери кӯҳӣ ва мустиери соани (аз номи Соани Ҳиндустон ) тақсим гардиданд. Аз ёдгориҳои леавллуа – мустиер Ҷарқутан ва Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон маъруф ҳастанд. Ёдгории Ҷарқутан дар ниҳоди худ 670 адад абзори сангини бо тарзи леваллуа сохташударо нигоҳ доштааст. Якчанд асбобҳои буранда олоти кордмонанд барои коркарди чӯб ва пуст ёфт шуданд. Дар 31 нуктаи дашти Қайроққуми соҳили рости рӯди Сир бештар аз 1000 мансуоти палеолити миёна, маводи ҷолиб, варақаҳои нафис ва мутаносиб, аз ҷумла олатҳои нӯгтез, буранда, шикананда, тарошанда ҷамъ гардиданд. Бозёфтҳои палеолити миёна дар қабатҳои замини қадими 3-2-1-и буришҳои зардхоки Хонако, Оби Мазор ва Лохутии Ховалинг мансуб ба 240-170 ҳазор сол қабл низ ошкор шуданд.

  • палеолити боло аз перигор, ориняк, солютр ва мадлен иборат мебошанд.

Ин давраҳо номашонро аз бошишгоҳҳое, ки аз онҳо ашёву абзори ҳамин давра ба даст омадаанд, гирифтаанд. Ёдгориҳои Асри санг дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон Асри санг дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд.Қадимтарин бошишгоҳи одамон дар деҳаи Лоҳутии Ховалинг пайдо гардид (1979), ки тақрибан ба 800000 ё 1 млн соли қабл тахмин карда мешавад. Ин қадимтарин бошишгоҳи одамон аст, ки дар Осиёи Марказӣ кашф шудааст. Осори одами қадимтарин, ки тахминан 250–300 ҳазор сол пеш зиндагӣ карда буд, дар ҳавзаи деҳаҳои Вахш ва Кофарниҳон кашф шуд. Дар Тоҷикистон ёдгорҳои Маданияти Мустйе (70–40 ҳазор сол то милод), ки ба асри санг мансубанд, бисёранд. Аз ҷумла, аз мағораи ба ном Тешиктоши мансуб ба давраи мустейии давраи палеолит бостоншинос А. П. Окладников с-ҳои 1938-39 боқимондаҳои устухонҳои писарбачаи неандерталиро пайдо намуд. Инчунин ҳафриёти қароргоҳҳои Қаробӯра, Қаротоғ, Ҷарқутан, Оғзикичик, Қайроққум хеле машҳуранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Помир бошишгоҳҳои мезолит ва осори палеолити боло дар Шугнов ошкор гардиданд. Асри санги Тоҷикистон бо маданияти неолити Ҳисор ба охир мерасад. Таҳқиқоти Тутқавул ва макони Сойи Сайёд нишон доданд, ки аҳолии давраи неолити Тоҷикистон дар ҳолати гузариш аз шикору ҷамъоварии гиёҳ ба чорводорӣ ва кишоварзӣ буд.[1]

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ –Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.23
  NODES