Байканд (форсӣ: بیکند‎), Пайкандшаҳри асримиёнагӣ, воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки вайронаҳои он 35 км ҷанубу ғарбтари шаҳри Бухоро боқӣ мондаанд.

Map

Номи шаҳр дар маъхазҳои таърихӣ ба шаклҳои гуногун, чун «Байканд» (Ибни Хурдодбеҳ, Балозурӣ, Самъонӣ), «Байгандод» (Ибни Халдун), «Боканд» (Яъқубӣ), «Бисканд» (Истахрӣ), «Пайкинд» (Бартолд. Ҷ. 2 (1), «Пайканд» (Минорский) сабт гардидааст. Ба гуфтаи Меҳрдоди Баҳор, Байканд аз ду калима – «бай», маъхуз аз «бағ», ба маънои «Худо» ва «ганд», ба маънои «маҳал» ва «макон» таркиб ёфтааст. Дар сурати дуруст будани назари Маркварт, В. В. Бартолд, Гумилёв ва Зеймал, ки Байкандро ба сурати «Пайканд» навиштаанд, пазириши назари Баҳор душвор мегардад. Байкандро дар қадим «Шаҳристони рӯйин» низ мехондаанд (Наршахӣ).

Таърих

вироиш

Дар рӯзггори Сосониён Байканд ноҳияи бузурге буда, дар он қалъае ба номи «Қалъаи Дабусӣ» вуҷуд доштааст, ки шоҳ дар он маскун будааст (Наршахӣ). Байканд яке аз марказҳои асосии бозаргонӣ дар Осиёи Марказӣ буда, бад-ин асос муаллифон «шаҳри бозаргонон («мадинат-ут-туҷҷор»)-аш номидаанд (Ибни Хурдодбеҳ, Муҳаммади Табарӣ, В. В. Бартолд). Агарчи Байканд чандин бор вайрон шуд, ба саъю кӯшиши мардуми минтақа дар садаҳои 9 ва 10 бозсозӣ шуда, дар рӯзгори Сомониён ба авҷи шукуфоӣ расид. Дар Байканд работи бисёре мавҷуд буд. Сабаби фаровонии работҳоро дар Байканд муаллифи «Таърихи Бухоро» чунин шарҳ додааст: «Ва сабаб он буд, ки Байканд ҷойи бузургу нек буд ва мардуми ҳар деҳе дар он работе сохтаанду ҷамоатеро нишонидаву нафақаи эшон аз деҳи хеш фиристода ва аз зимистон, ки ҳангоми ғалабаи кофирон мешуд, аз ҳар деҳе он ҷо мардуми бисёр гирд меомаданду ғазв мекарданд ва ҳар қавме бар работи хеш фуруд меомад». Дар Байканд гунбаде вуҷуд дошт, ки хонҳову ашрофи Бухоро дар паноҳи он ба хок супурда мешуданд. Наршахӣ Байкандро куҳантар аз Бухоро донистааст. Бино бар нақли ӯ, ҳар подшоҳе, ки дар ин вилоят ба шаҳрёрӣ расидааст, дар он ҷо мақом сохтааст. Шаҳр бозоре ободу масҷиде ҷомеъ бо меҳроби гавҳаркӯб доштааст. Дар он рӯзгор масоҳ. шаҳр, аз ғайри ободиҳои атрофи он, 20 га буд. Боқимондаи девору бурҷҳои баланди шаҳри куҳан то ҳанӯз дар самти ғарбии он бақо ёфтаанд. Дар пайвастагии Байканд найистонҳо ва обгири бузурге вуҷуд доштааст, ки бо номҳои «Поргини бузург», «Қарокӯл», «Буҳайраи Сомҷин» зикраш намудаанд. Дарозии Байканд бист фарсангро ташкил дода, дар он ба дараҷае мурғу моҳӣ ҷамъ меомадааст, ки дар тамоми Хуросон ҳамто надоштааст.

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш
  NODES