Бомбаборон
Бомбаборон — амал ё аксуламали тахрибӣ, ки дар вақти муҳориба аз тарафи тааррузкунандагон ё мудофиагарон бо мақсади саркӯб кардани ҳамдигар ва расидан ба ҳадафҳои низомӣ иҷро мегардад.
Дар бомбаборон барои ҳадафи мушаххас бомбаи махсус истифода мешавад. Бомбаборонро барои анҷом додани корҳое, ки аз нерӯи инсон ва ҳатто мошин болотар аст (мас., дар роҳсозӣ, тағйир додани маҷрои дарё, нақбканӣ) низ истифода мебаранд. Ба маънои маҷозӣ олимони соҳаи физикаву кимиё баъзе таҷрибаҳоро бомбаборонкунӣ меноманд, чунончи дар кимиё бар асари бомбаборон кардани ҳастаи атом моддаи навро ба вуҷуд овардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бомбаборон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.