Васиятнома - ҳуҷҷат аст. Ҳуҷҷате, ки шахси меросгузор дар он пеш аз вафоташ гақдири молу мулкашро муайян мекунад. Яъне он супориши меросгузор аст, ки дар бораи пас аз вафоташ ба кӣ ё бо кадом шахсон ва ба кадом миқдор ё кадом чиз бо кӣ бояд гузарад, муайян карда мешавад. Васия гнома мувофиқи талаби коиун бояд ҳатман дар шакли хаттн иавишта шавад. Чунин ҳуҷҷат аз тарафи шахсе гузошта мешавад, ки қобилияти амалкунии пурраро дорад. Васиятномаро бояд ҳар шахс худаш гузорад. Шахси меросгузор то вақти вафот ҳуқуқ дорад, ки васиятномаи гузоштаи худро бекор кунад ё мазмуни онро тагйир диҳад. Пас аз тағйир додани мазмуни васиятнома он бояд аз тасдиқи мақомоти нотариалӣ гузаронида шавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 119
  NODES