Вичегда
Вичегда (русӣ: Вы́чегда[2], кумӣ Эжва[3]) — дарё дар Русия, бузургтарин шохоби рости дарёи Двинаи Шимолӣ. Тӯлаш 1130 км. Масоҳати ҳавзааш 121 ҳазор км².
• Координатаҳо | [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]] |
---|---|
Мавқеъ | |
Рӯйхати оби Русия | |
03020200112103000013575 | |
Рамзи ҳавза | 03.02.02.001 |
Рамзи ТҲ | 103001357 |
Ҷилди ТҲ | 03[1] |
Аз канори ҷанубии қаторкӯҳи Тиман оғоз меёбад. Дар маҷрои болоӣ аз дараи умқаш 20-40 м ҷорӣ мешавад. Маҷрои мобайнӣ ва поёниаш ором. Дарёбодаш васеи ботлоқзор, ҷо-ҷо кӯлчаҳо дорад. Манбааш асосан барф. Сарфи миёнаи солонаи об дар наздикии ш. Сиктивкар 599 м³/с, дар резишгоҳаш — 1100 м³/с. Аввали ноябр ях баста, дар охири апрел об мешавад. Шохобҳои асосиаш: аз рост — Вол, Вишера, Вим; аз чап — Нем, Келтмаи Шимолӣ, Локчим, Сисола, Вилед. Баҳор то Волдино (959 км), тобистону тирамоҳ то Уст-Кулом (693 км) киштигард аст. Дар соҳили Вичегда ш-ҳои Солвичегодск, Сиктивкар, Яренск, Межог, Айкино, Уст-Кулом ҷойгиранд. Дар гузашта Вичегда ҳамчун роҳи асосии тиҷорат ба Кама, Урал ва Сибир истифода мешуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 3. Северный край / под ред. Н. М. Жила. — Л.: Гидрометеоиздат, 1965. — 612 с.
- ↑ Вы́чегда // Словарь названий гидрографических объектов России и других стран — членов СНГ Бойгонӣ шудааст 6 марти 2016 сол. / под ред. Г. И. Донидзе. — М.: Картгеоцентр — Геодезиздат, 1999. — С. 98. — ISBN 5-86066-017-0.
- ↑ Туркин А. И. Топонимический словарь Коми АССР. — Сыктывкар: Коми книжное издательство, 1986. нусхаи бойгонӣ. 13 марти 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 Декабри 2014.
Адабиёт
вироиш- Вичегда // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.