Гданск (лаҳӣ: Gdańsk  [ˈgdaɲsk], Шаблон:Lang-csb, лот. Gedanum, Dantiscum) — шаҳр дар шимоли Лаҳистон, маркази воеводаи Поморск.

Маҳалли аҳолинишин
Гданск
лаҳӣ: Gdańsk
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Aleksandra Dulkiewicz[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис тахм. 997[1]
Аввалин номбарӣ 997
Масоҳат
  • 266 ± 1 км²
Баландии марказ 11 м[2]
Минтақаи замонӣ UTC+1[d] ва Central European Time[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 58
Нишонаи почта 80-008–80-958
Коди мошин GD
gdansk.pl(лаҳс.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар соҳили халиҷи Гдански баҳри Балтика, дар назди резишгоҳи дарёи Висла ҷойгир аст. Аҳолиаш 459,1 ҳазор нафар (бо атрофаш 1,2 млн, 2014). Якҷоя бо ш.-ҳои Гдиня ва Сопот агломератсияи ба ном «Сешаҳр»-ро ташкил медиҳад. Гданск маркази муҳимми нақлиёт аст: р. о., роҳҳои автомобилгард, якчанд фурудгоҳ, аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Бузургтарин бандари баҳрии Лаҳистон ва маркази киштисозӣ, электротехника, электроника мебошад. Саноати нафт, кимиё (истеҳсоли нуриҳои минералӣ, локу ранг), мошинасозӣ, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, ҳунари истеҳсоли маснуот аз каҳрабо тараққӣ кардааст.

Гданск соли 997 бино ёфта, дар асрҳои 11-13 маркази князии Поморски Шарқӣ буд. Солҳои 1261-63 мақоми шаҳрро гирифт. Соли 1308 онро Иттиҳоди Тевтон ишғол кард. Аз садаи XIV бандари муҳимми баҳри Балтика, узви Иттиҳоди Ганзей, маркази киштисозии мамлакат аст. Соли 1454 аз асорати олмониён озод гашта, ба Лаҳистон пайваст. Дар асрҳои 15-17 яке аз бузургтарин ва аз ҷиҳати хоҷагидорӣ тараққикардатарин шаҳрҳои Лаҳистон ва бандари асосии мамлакат буд. Дар давраи ҷанги Лаҳистон бо Шветсия (асри 17) хароб гардид. Солҳои 1793—1918 бо номи Дансиг дар ҳайати Пруссия буд. Соли 1919 «Шаҳри озоди Дансиг» таҳти идораи Лигаи миллатҳо ташкил карда шуд. Солҳои 80 садаи XX маркази ҳаракати сиёсии «Ҳамраъйӣ» буд.

Дар Гданск ёдгориҳои меъмории готикӣ — калисои католикии Марями Муқаддас (асрҳои 13-16; бузургтарин ибодатгоҳи хиштӣ дар Аврупо), калисои Салоса (Троитса), ратуша мавҷуданд. 6 мактаби олӣ, аз ҷумла донишгоҳ дорад. Дар Гданск муассисаҳои АИ Лаҳистон, осорхонаҳои миллӣ, таърихӣ, баҳрӣ, бостоншиносӣ, театрҳои лухтак ва операи Балтика, филармония, маркази сайёҳии дорои аҳаммияти байналмилалӣ амал мекунанд. Ба Гданск соле қариб то 3 млн сайёҳ меояд.

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш
  NODES