Град (гон), (фр. grade, аз лот. gradus — кунҷ), градиан — воҳиди андозагирии кунҷи ҳамвор, ки дар Фаронса ҳангоми ҷорӣ кардани системаи ченакҳои метрӣ (охири асри 18) пешниҳод гардида буд. Ишораташ 1g. Истилоҳи он дар Олмон, Шветсия ва кишварҳои дигари Аврупои Шимолӣ истифода мешавад. 1 град ба садяки кунҷи ҳамвор баробар аст. Воҳидҳои ҳиссавии град — дақиқаи метрӣ (1´ ё 1с) ба 1/100 град ва сонияи метрӣ (1'' ё 1сс) ба 1/100 дақиқаи метрӣ баробаранд. Таносуби байни град ва воҳидҳои дигари кунҷи ҳамвор чунин аст: 1g= 0,01570796 радиан, 1g=0,900о (дараҷаҳои кунҷ) ё 1о= 1,111g. Ҳоло град дар амал истифода намешавад, вале имконияти истифодабарии он дар микрокалкуляторҳо ва таъмини математикии барномаҳои компютерӣ вуҷуд дорад.

Сарчашма

вироиш
  NODES