Гули ғоз
Гули ғоз, гулғоз, ғозипиёз (лот. Gagea) — як ҷинси рустаниҳои худрӯи пиёзбех. Аввали баҳор мерӯянд.
Гули ғоз | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Gagea Salisb., 1806 | ||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||
non designatus[1] |
||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишТо 15 см қад мекашанд. Дар баландкӯҳҳо моҳҳои июн — июл мешукуфанд. Барги борики нӯгтез, гули зард, баъзан сафед ё сурх, гултӯдаи хӯша ё чатршакл, ғӯза, тухми гирд доранд. Беш аз 100 навъи гули ғоз маълум аст. Дар Тоҷикистон 32 навъи он месабзад. Одатан, дар нишебиҳои санглохи кӯҳ, марғзор, шибарзамин ва ғ. (дар баландии аз 900 то 3600 м аз с. б.) дучор меоянд. Баъзе навъҳои гули ғоз (G. chomutovae, G. gageoides, G. stipitata) чун рустании ороишӣ ва хӯроки чорво аҳаммият доранд. G. stipitata гиёҳи шифобахш буда, таркибаш аз равғани эфир, витаминҳои В, С, каротин, клетчатка (моддаи пардаи ҳуҷайраи рустаниҳо), кислотаҳои органикӣ, қанд, калсий, сулфур, сапонин ва ғ. иборат аст.
Корбурди пизишкӣ
вироишТабибони мардумӣ бо ҷӯшоби бехи гули ғоз бемории узвҳои ҳозима, устухондард, фаромӯшхотирӣ, зиқи нафас, бемориҳои пӯст ва ғ.-ро муолиҷа мекунанд. Гули ғоз хосияти зиддимикробӣ дорад, мубодилаи моддаҳоро беҳтар ва қанди хунро кам мекунад, холестерину токсинҳоро аз организм хориҷ месозад. Баҳорон аз баргу бехи гули ғоз хӯриш таҳия мекунанд. Аз гули ғоз ниқоб тайёр карда барои табобати наррак ва доғи кунҷидак истифода мебаранд; он хусусан ба пӯст тароват мебахшад, сабзиши мӯйро метезонад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Маълумот дар бораи ҷинси Gagea дар пойгоҳи маълумотҳои Index Nominum Genericorum Ассотсиатсияи байналмилалии табақабандии растаниҳо (IAPT).(англ.)
Адабиёт
вироиш- Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — 660 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Флора Таджикской ССР. Т. 2. М., 1963;
- Травянистые растения СССР. Т. 1. М., 1971;
- Мордан Е. В. Жизнь растений. Т. 6. М., 1982;
- Буданцев А. Л., Яковлев Г. П. Иллюстрированный определитель растений Ленинградской области. М., 2006. М. Ҳоҷиматов.