Гуптҳо (санскр. गुप्त, gupta, ҳиндӣ: गुप्त राजवंश) — номи сулола ва давлати асримиёнагӣ дар шимоли Ҳинд (320—550).

Гуптҳо
320 — 550


Пойтахт Pataliputra[d]
Забон(ҳо) санскрит[d]
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ

Ба қавли олимон, ватани аслии Г. қисми шарқии иёлати имрӯзаи Уттар Прадеш ва ё вилояти Магадҳаи Ҳинд маҳсуб мешавад. Пойтахти давлати Г. аввал Праяга (Аллоҳободи имрӯза) ва баъд Паталипутра (Патнаи имрӯза) буд. Подшоҳони сулолаи Г.: Шри-Гупта (275—300), Гхатоткача (300—320), Чандрагуптаи I (320—350), Самудрагупта (350—376), Чандрагуптаи II (376—415), Камарагуптаи I (425—455), Скандагупта (455—470), Кумарагуптаи II (470—475), Бадхагупта (475—500), Вайнягупта (500—515), Нарасимҳагупта (515—530), Кумарагуптаи III (530—540), Вишанугупта (540—550). Соли 275 саромади сулола Шри-Гупта ҳокимиятро дар Магадҳа ба даст оварда, худро маҳараҷа (шоҳи бузург) эълон кард. Асосгузори давлати Г. набераи Шри-Гупта — Чандрагуптаи I (320—350) ба ҳисоб меравад, ки бо шоҳдухтари қабилаи Личчахавҳо хонадор шуда, унвони маҳараҷаҳираҷа (шоҳи шоҳон)-ро гирифт. Ӯ ҳудуди давлати худро васеъ намуда, ислоҳоти пулӣ анҷом дод ва динорҳои тилои қурбаш устуворро ба муомилот баровард. Писари Чандрагуптаи I — Самудрагупта (350—376) водии Ганг ва баъдан 20 шоҳигарии Ҳиндустони Ҷанубиро ба худ тобеъ карда, барои ривоҷи дини буддоӣ дар Будогоё дайри машҳури Моҳобудиро бино кард. Самудрагупта ба шоирӣ ва мусиқинавозӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, дар сиккаҳояш ҳангоми мусиқинавозӣ тасвир ёфтааст. Пас аз вафоти ӯ писараш Рамагупта (370—376) дар ҷанг бо шоҳи Кшатрап аз қабилаи шакҳо шикаст хӯрд, вале бародари ӯ Чандрагуптаи II (376—415) дар муҳорибаи навбатӣ бар онҳо пирӯз шуд. Ин ғалаба боиси заиф гардидани нуфузи Рамагупта ва баланд шудани обрӯи Чандрагуптаи II гардида, дар натиҷаи ҷангҳои дохилии онҳо Рамагупта кушта шуд. Чандрагуптаи II соли 395 шоҳии Кшатрапро барҳам дода, Гуҷарот, Малва ва Панҷобро ба давлати Г. ҳамроҳ кард. Замони ҳукмронии ӯ ва писараш Кумарагуптаи I (415—455) давраи ривоҷу равнақи давлати Г. ба шумор меравад. Дар аҳди Скандагупта (455—467) давлати Г. ба ҳуҷуми ҳайтолиён рӯ ба рӯ шуда, дар охири асри 5 шоҳони ҳайтолӣ Тораман ва Михиракул давлати Г.-ро ба хироҷгузори давлати Ҳайтолиён табдил доданд. Дар миёнаи асри 6 ҳукмронии хонадони Г. танҳо дар ҳудуди Магадҳа боқӣ монда, то асри 7 идома меёбад. Замони давлатдории Г. дар таърихи Ҳинд давраи тилоӣ маҳсуб мешавад, зеро дар ин давра забони санскритӣ, адабиёт, санъати тасвирӣ, меъморӣ, улуми гуногун ва ҳикматшиносии ҳиндуҳо ташаккул ёфтааст.

Адабиёт

вироиш
  NODES