Зулқарнайн (ар. ذوالقرنين‎ — дорандаи ду шох, душоха) — номи шахсе маъруфу муътабар назди яҳудиён (қабл аз ислом) ва мусулмонон.

Зулқарнайн
ар. ذو القرنين
Сурат
Пеша сарлашкар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тибқи ривоятҳо, бинобар ду зулф доштанаш, ё барои дар Машриқу Мағриб (ду шохи Хуршед) ҳукумат карданаш, ё нишоне монанди шох бар сар ё барҷастагие бар ду ҷониби сар доштанаш, ё дорои ду шох будани тоҷаш мулаққаб ба Зулқарнайн гаштааст. Қурайшиёни Макка бо машварати яҳудиёни Мадина ба хотири озмоиши Муҳаммад (с) бо мақсади маълум кардани ҳаққонияти паёмбариаш ба ӯ се суол матраҳ карданд, ки яке аз онҳо дар бораи Зулқарнайн буд. Ҳамин буд, ки сураи «Каҳф» нозил шуда, моҷарои асҳоби каҳф ва Зулқарнайнро баён кард (Қуръон: 18: 83-97).

Тибқи тафсирҳо, Зулқарнайн подшоҳе одилу хайрхоҳ буд, ки ба Мағрибу Машриқ расида, ин кишварҳоро зери тасарруф даровард ва дар онҳо ба адлу инсоф ҳукмфармоӣ кард. Ӯ ҳангоми кишваркушоиҳояш ба кӯҳистоне расида, дар дараи миёни ду кӯҳ девор (садд)-и бузурге аз оҳан ва мис (ё сурб)-и гудохта бунёд кард ва мардуми он минтақа аз тохтутози қавми Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар амон монданд. Баъзеҳо гуфтаанд, ки баландии он девор ҳудуди 100 м ва паҳнои он ҳудуди 25 м буд. Аз рӯи ривоятҳо, Зулқарнайн дар баробари Сулаймони паёмбар, Намруд ва Бахтунассар аз ҷумлаи чаҳор нафарест, ки бар тамоми дунё ҳукмронӣ кардаанд. Муфассирон дар паёмбар будани Зулқарнайн ихтилоф кардаанд. Баъзеи онҳо таъбири қуръонии «Гуфтем: Эй Зулқарнайн!»-ро (Қуръон: 18: 86), ки дар он Зулқарнайн ба таври мустақим мавриди хитоб қарор гирифтааст, далели паёмбар будани ӯ донистаанд, ҳол он ки дар Қуръон лафзи ваҳй танҳо бо паёмбар маҳдуд нашуда, доираи фарогирии васеътар дорад. Баъзан Искандари Мақдунӣ низ бо лақаби Зулқарнайн ёд мешавад (шояд, бинобар тасвири ӯ дар сиккаҳо ба ҳайси худои шохдор Юпитер-Амон). Дар баъзе қиссаву ривоятҳо ӯ ҳамон Зулқарнайни қуръонӣ дониста шудааст, вале ин андешаро бештари муфассирон рад кардаанд.

Аз рӯи маълумоти маъхазҳо, аз ҷумла Ибни Касир («ал-Бидоя ва-н-ниҳоя»), аҳди зиндагии Зулқарнайн ду ҳазор сол қабл аз Искандари Мақдунӣ, дар замони Иброҳими паёмбар (а) будааст. Ба гуфтаи ӯ, Зулқарнайн пиёда ба ҳаҷ раҳсипор шуд ва вақте Иброҳим (а) аз ташрифаш огоҳ гашт, ӯро дар беруни Макка пешвоз гирифт, дар ҳаққаш дуои хайр ва чанд васияту насиҳат кард. Зулқарнайн ҳамроҳи Исмоил (а) тавоф карда, сипас қурбонӣ ҳам анҷом дод. Ба қавли Мирхонд («Равзату-с-сафо»), Зулқарнайни Акбар баъд аз Солеҳ ва қабл аз Иброҳим ба мартабаи рисолату нубувват расид. Масъудӣ дар китоби «Ахбору-з-замон» мегӯяд, ки номи аслиаш Ҳермес аст ва чун ба машриқу мағриби олам расида, баландиву пастии ҷаҳонро мушоҳада кард, мулаққаб ба Зулқарнайн шуд. Мадфанашро баъзеҳо ҷиболи Тиҳома (дар нимҷаЗулқарнайн Арабистон) ва бархе Макка гуфтаанд.

Яке аз шоҳони Яман, ки онҳоро «туббаъ» меномиданд, бо лақаби Зулқарнайн ёд шуда, сохтмони садди маъруфи Маъриб дар ин сарзамин ба ӯ нисбат дода мешавад. Ба ривояти Берунӣ («Осору-л-боқия»), номи Зулқарнайн Абубакр ибни Суммай ибни Умар ибни Ифриқаси Ҳимярӣ буда, аҳли туббаъи ҳимярии яманӣ аз Зулқарнайн ифтихор мекардаанд, ки ӯ бобояшон аст. Яке аз шоҳони сулолаи Лаҳмиён — Мунзир (505—554) низ бо лақаби Зулқарнайн ёд шудааст. Дар «Бурҳони қотеъ» оварда шуда, ки Зулқарнайни Акбар номи аслии Фаридун аст. Баъзеҳо Зулқарнайнро ҳамон Куруши Кабир гуфтаанд.

Зулқарнайн дар ирфон. Насафӣ дар «Инсони комил» гуфтааст, ки ҷисми одамӣ ҳам Мағриб ва ҳам Машриқ, аммо рӯҳи инсон Зулқарнайн, як шохи вай нузул ва шохи дигараш уруҷ аст. Зулқарнайн чун ба Мағриб расид, Офтобро дид, ки дар чашмаи гарм ғуруб мекунад. Ин чашмаи гарм ҷисми одамӣ аст, ки офтоби рӯҳ дар вай нузул ва аз вай уруҷ мекунад. Зулқарнайн дар Мағриб қавме ёфт, ки бағоят заифу нотавон ва нодон, дар торикӣ монда ва аз рӯшноӣ бебаҳраву бенасиб буданд. Чун ба Машриқ расид, қавмеро дид, ки бағоят қавиву тавоно ва донову огоҳ буданд, аз торикӣ берун омадаву ба рӯшноӣ расида. Он қавм, ки дар Мағриб ёфт ва ин қавм, ки дар Машриқ дид, ҷумла сифоти рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ буданд. Аз нигоҳи Ибни Арабӣ, Зулқарнайн баданест, ки қудрату ирода дар он ҷой дорад; Яъҷуҷ ангезаҳову дилмашғулиҳои нафсонӣ ва Маъҷуҷ васвасаву кашмакашҳои хаёлӣ аст, ки дар замини бадан фасод мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  NODES