Иёлоти Попӣ, Вилояти Папа (лот. Status Ecclesiasticus, итол. Stato della Chiesa) — давлате дар маркази Итолиё ба раҳбарии поп, раҳбари калисои катулик, буд, ки солҳои 756—1870 вуҷуд дошт.

Иёлоти Попӣ
754 — 1870


Дирафш Нишон
Гимн[d]
Пойтахт Рум
Забон(ҳо) лотинӣ
Воҳиди пул Roman scudo[d] ва papal lira[d]
Майдон
  • 41 407 км² (1859)
  • 41 740 км² (1859)
  • 44 000 км² (1640)
  • 44 000 км² (1640)
Шакли ҳукмронӣ elective monarchy[d] ва absolute theocratic monarchy[d]

Таърих

вироиш

Бунёдгузораш подшоҳи франкҳо Пипини III Пакана (741—768). Пипини III Пакана солҳои аввал мисли падараш Карл Мартелл фақат унвони майордом дошт. Ӯ бо мадади папаи Рум табадуллоти давлатӣ карда, сулолаи меровингҳоро, ки ба корҳои давлатӣ чандон рағбат надоштанд, аз тахт сарнагун сохт. Соли 751 дар ш. Суассон маҷлиси аъёну ашрофи франкҳо Пипинро подшоҳи франкҳо интихоб намуд. Папаи Рум ҳангоми интихоб шудани Пипин дар маросими динӣ, ба сари давлати франкҳо омадани сулолаи нав — каролингҳоро қонунӣ гардонд. Охирин намояндаи хонадони меровингҳо Хилдерики III маҷбуран ба дайр фиристода шуд, ки ӯ то охири умр дар он ҷо зиндагӣ кард. Пипин барои поси хотири папаи Рум солҳои 755—756 ду маротиба дар Итолиё бар зидди лангобардҳо, ки мехостанд вилояти папаи Румро забт намоянд, лашкар кашида, онҳоро шикаст дод. Ин пуштибонӣ барои дар вилояти Рум ҳамчун ҳокими мустақил мондани папа мадади бузург расонд ва соли 756 вилояти ҷудогонаи папа таъсис ёфт.

Масоҳати Иёлоти Попӣ тағйирёбанда буда, дар асрҳои миёна он асосан Итолиёи Миёнаро фаро мегирифт. Соли 1859, дар арафаи пароканда шуданаш 41407 км² масоҳат ва 3125 млн аҳолӣ дошт. Дар ин вақт ба Иёлоти Попӣ тамоми Итолиёи Марказӣ, Беневенто ва Понтекорво тобеъ буданд. Аз давраи ҳукмронии папа Григорийи Кабир (590—604) сар карда, онҳо дар Итолиё ба заминдори бузург табдил ёфтанд ва дар аҳди Карли Кабир папа Адриани I тавонист мулки худро васеъ намояд. Муддати чорсад соли оянда Иёлоти Попӣ ба мушкилоти гуногун дучор шуда, гурӯҳҳои зиёд дар ш. Рум ва Иёлоти Попӣ аз пайи ғасби тахти папа ва заминҳои он буданд. Ин боиси кам шудани заминҳои Иёлоти Попӣ ва ба ҳайати империяи Олмон дохил шудани он гардид. Ҳокимияти Иёлоти Попӣ дар аҳди папа Иннокенти III (1198—1216) барқарор шуд ва соли 1213 император Фридрихи II давлати папаро бо сарҳадҳои пешинааш ба расмият шинохт. Аз солҳои 1309—1377 папаҳо зери нуфузи шоҳони Фаронса қарор гирифта, маркази он ш. Авинон буд. Сулҳи Вестфал (соли 1618) мавқеи сиёсии папаро кост ва эътибори он дар Аврупо ба сифати ҳокимияти пурзӯри сиёсӣ аз байн рафт. Бо қарори конгресси Вена солҳои 1814-15 Иёлоти Попӣ тибқи сарҳаддоти пешинааш барқарор гардид. Соли 1870 Иёлоти Попӣ расман ба давлати Итолиё тобеъ карда шуд. Соли 1929, мувофиқи аҳдномаи Латеран, ҳокимияти папа дар қисми хурди Рум — ҳудуди Ватикан барқарор гардид, ки масоҳати он 44 га мебошад.

Адабиёт

вироиш
  NODES