Калмурғ - (Aegypius monachus), паррандаест соҳибчангол. ҷуссаи калон ва нӯлу панҷаҳои бақувват дорад. Сараш бемӯй, болаш дароз (750 —780 мм), думаш нисбатан кӯтоҳ, (350—405 мм), вазнаш 7—11,5 кг (модинааш 7,5— 12,5 кг). Рангаш буря баланд. Лонаашро дар болон дарахтони баланд ва баъзан дар шохсорон аз навдаҳои хушкида месозад. Охири март— аввали апрел 1 тухм мегузорад. Тухмро ҳар ду ҷинс зер мекунанд, Чӯҷаҳо дар 3-моҳагӣ паррончак мешаванд. Ҷуфти Калмурғ доимист (як лонаро даҳҳо сол истифода мебаранд). Калмурғ паррандаи лошахӯр аст. Ҷасади ҷонваронро хӯрда, паҳншавии касалиҳои сироятии ҳайвону одамро пешгирӣ мекунад. Солҳои охир дар натиҷаи корам шудани заминҳо, истифодаи пеститсидҳо ва ғайраҳо миқдори Калмурғ кам шудааст.
Калмурғ |
---|
|
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед. |
|
|
- Абдусалямов И. А Фауна Таджикской CСP, т. 19, ч. 1, Душанбе., 1971.