Нуклеотидҳо (англ. Nucleotides), нуклеозидфосфатҳо — моддаҳое, ки кислотаҳои нуклеат, аксари коферментҳо ва дигар пайвастҳои фаъоли биологӣ аз онҳо таркиб ёфтаанд.

Таркиби ҳар як нуклеотид аз асоси нитрогенӣ (одатан пуринӣ ё пиримидинӣ), ангиштоб (рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо) ва боқимондаи кислотаи фосфат иборат аст. Нуклеотидҳо дар бисёр равандҳои мубодилаи моддаҳо иштирок менамоянд. Нуклеозидтрифосфатҳо пай­вастҳои макроэргӣ буда, бевосита дар боисинтези кислотаҳои нуклеат иштирок мекунанд. Масалан, кислотаи аденозинтрифосфат (АТФ) аккумулятори универсалии энергия ба шумор меравад. Нуклеотидҳо дар организм аз аминокислотаҳо ва дигар пайвастҳои нисбатан сода синтез мешаванд.

Сарчашма

вироиш

Нуклеотидҳо // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.

  NODES
os 1