Ривоят (ар. روایت‎) — достоне дар як қолаби сохторӣ аст, ки (ба сурати сухан, навиштор, суруд, филм, телевизиюн, бозии компютерӣ, аккосӣ ё театр) дунболае аз як рухдоди қиссаӣ ё ғайриқиссаиро тавсиф мекунад.

Як ривоят мумкин аст тавассути як шахсият дар хилоли ривояти бузургтар, нақл шавад. Як бахши муҳимм аз ривоят, шеваи ривоят аст. Шеваҳои ба коррафта барои барқарории иртибот дар ривоят ба унвони як амалкардро ривоятгарӣ меноманд.

Дар канори баён, истидлол ва тавсиф, ривоят ҷузъи чаҳоруми шеваи баён дар калом таъриф мешавад. Дар таърифи дақиқтар, ривоят шеваи қиссанависӣ аст, ки дар он ровӣ мустақиман бо хонанда иртибот барқарор мекунад.

Аз дидгоҳи ривоятшинохтӣ, ривоят ҳамон бознамоии қисса (яъне як рухдод ё маҷмӯае аз рухдодҳо) аст. Бархе пажӯҳишгарон муддаъианд бидуни ҳузури касе, ки ривоятро нақл кунад (яъне ровӣ) ривояте низ дар кор нест, аммо бисёре аз намоишҳо ва филмҳо дар ин дидгоҳ нодида гирифта шудаанд. Зеро намоиш ва филм маъмулан бидуни ровӣ қиссагӯӣ мекунанд.

Ривоятҳо ду ҷузъи асли доранд:

  • қисса
  • гуфтумони равоӣ


  NODES
os 1