Соҷиён (форсӣ: ساجیان‎‎) — дудмоне суғдитабор, ки дар солҳои 889—929 бар Озарбойҷон ва Арон фармон меронданд ва хостгоҳи эшон Усрӯшана (Тоҷикистони кунунӣ) буд.

Соҷиён
форсӣ: ساجیان
Таърихи таъсис 889
Пойтахт Мароға
Навъи ҳукумат подшоҳӣ
Забони мавриди корбурд форсӣ
Таърихи фурӯпошӣ 929
Тасвири нақшаи мавқеият
Дини расмӣ суннӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Соҷиён яке аз аввалин давлатҳои форсизабон баъди истилои араб буда, солҳои 879-957 дар ҳудуди вилояти таърихии Озарбайҷон, Эрони Шимолӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Арманистон ҳукумат рондаанд.

Хостгоҳ

вироиш

Хонадони шоҳони Соҷӣ бевосита ба сулолаи Афшинҳои Истаравшан рафта мерасад. Ҳукмдорони Соҷиён низ мисли шоҳони Истаравшан ба худ унвони Афшинро гирифта буданд. Аз ин рӯ, дар бисёре аз асарҳои таърихи оилаи шоҳони Соҷиро бо унвонашон «Афшинҳои Соҷӣ» меноманд.

Зуҳур

вироиш

Давлати Соҷиён соли 879 аз тарафи Афшин Абуссоҷи Девдод таъсис ёфтааст. Пойтахташ сараввал шаҳри Мароға (дар Эрони имрӯза) ва баъдан Ардабил буд. Ба давлати Соҷиён ҳудудҳои имрӯзаи Озарбайҷон, Арманистон, Эрони Шимолӣ,қисматҳои ҷанубии Русия Гурҷистони ҷанубию марказӣ, Туркияи Шарқӣ дохил буд. Ҳудуди давлат дар давраи авҷи тараққиёташ наздик 1 миллиону 150 ҳазор км2 дарбар мегирифт. Воҳиди пулияш динор ва баъдан дирами нуқрагӣ, ки бо номи афшинҳои Соҷӣ сикка зада мешуд.

Баъди шӯришҳои пай дар пай дар ҳудуди Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳр арабҳо маҷбур мешаванд, ба корҳои давлатӣ хонадони пурнуфузи ашрофони маҳаллиро даъват намоянд. Аввалин оилаҳои ашрофони маҳаллӣ, ки ба дарбори халифаҳои Аббосӣ роҳ ёфтанд, Бармакиҳо ва Афшинҳои Истаравшан буданд.

Сулолаи Бармакиҳо ба корҳои маъмурӣ ҷалб шуданд, ки дертар аъзои ин хонадон то ба вазифаи вазирӣ расиданд. Афшинҳои Истаравшан бошад, ба корҳои ҳарбӣ ҷалб шуданд ва баъдан аъзои ин хонадон то ба вазифаи сарфармондеҳи лашкари хилофати Аббосӣ расиданд.

Абуссоҷ як муддат ҳокими яке аз мулкҳои тобеи Уструшанаро ба ӯҳда дошт. Баъдан вай ба дарбор даъват мешавад ва фармондеҳи лашкари халифа дар дар пойтахт шаҳри Бағдод таъин мегардад. Абуссоҷ шӯриши Хуррамиҳо дар Эрони Шимолӣ ва шӯриш дар шаҳри Мадинаро пахш мекунад ва барои ин хизматҳояш халифа Мӯътамид ӯро ҳокими Аҳвоз ва Куфа таъин мекунад.

Баъдан Абуссоҷ ҳамроҳи писаронаш Муҳаммаду Юсуф ва ҷиянҳояш Масъуду Иброҳим ба Қафқози Шимолӣ ҳуҷум карда, онро ба тобеияти хилофат медароранд ва дини Исломро дар ин минтақа ҷорӣ мекунанд. Барои ин дастоварди бузургаш халифа ба хонадони Афшинҳо яке аз бойтарин ва калонтарин вилоятҳои форснишини хилофат-Озарбойҷонро медиҳад. Афшинҳо баъди он, ки зимоми қудратро дар Озарбойҷон ба даст мегиранд, оҳиста-оҳиста ба нерӯ бахшидани ҳокимияти худ дар ҳудуди Эрони Шимолию вилояти Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз ва бад-ин васила ташкили давлати мустақили хеш камари ҳиммат мебанданд. Баъди вафоти Абуссоҷ писараш Муҳаммад ҷойгузини падар мешавад. Муҳаммад дар ҳудудҳои тобеи худ як қатор ислоҳот мегузаронад, ки муҳимтарин он ислоҳоти пулӣ ва ҳарбӣ буд. Муҳаммад пули нуқрагини дирамро аз номи худ сикка мезанад ва дар маркази давлат шаҳри Мароға ва як қатор шаҳрҳои аҳамияти муҳим дошта, лашкари доимоамалкунанда таъсис медиҳад ва баъди начандон вақти зиёд худро мустақил эълон мекунад. Муҳаммад соли 893 ба Арманистон ҳуҷум карда, онро зери тобеияти худ медарорад. Соли 897 ҳудудҳои давлати худро то ба соҳилҳои шарқии баҳри Сиёҳ васеъ мекунад. Вале соли 901 Муҳаммади Соҷӣ аз бемории сил вафот мекунад. Ҷои ӯро писараш Девдод, ки то ин вақт ҳокими Арманистон буд, мегирад. Вале худи ҳамон сол амакаш Юсуф ӯро аз тахт дур карда, худро амири давлати Соҷиён мекунад ва пойтахтро аз Мароға ба Ардабил мекӯчонад.

Давраи ҳукмронии Юсуф ибни Абуссоҷ замони гулгулшукуфӣ ва васеъшавии давлати Соҷиён мебошад. Ӯ худ лашкаркаши тавоно, сиёсатмадори дурандеш ва шоири боистеъдод буд. Дар давраи ӯ ҳудудҳои давлати Соҷиён хеле васеъ шуда, ба худ ҳудудҳои имрӯзаи Озарбайҷон, Арманистон, як қисми Гурҷистон, Туркияи шимолу-ғарбӣ, Эрони шимолӣ ва марказиро дарбар мегирифт. Баъди он ки Юсуф ба сари қудрат меояд, халифа Муқтадир лашкари зиёдеро бар зидди ӯ мефиристад ва Юсуфро маҷбур мекунад, ки 120 ҳазор динор товон диҳад. Юсуф, ки сиёсатмадори дурандеш буд ва мефаҳмид, ки ҳанӯз қудрати лашкараш ба лашкари халифа баробар шуда наметавонад, ба ин шарт розӣ мешавад. Баъди додани 120 ҳазор динор Юсуф ба пурзӯр кардани артиши худ камари ҳиммат мебандад. Баъди чанд муддат ҷанги миёни лашкари халифа Муқтадири Аббосӣ ва афшин Юсуф ибни Абуссоҷ боз аз сари нав оғоз мешавад. Дар ин ҷанг лашкари халифа шикаст мехӯрад. Соли 918 Юсуф яке аз шаҳрҳои муҳими форснишин Райро забт мекунад. Вале соли 919 дар ҷанги назди Ардабил лашкари Соҷиён аз иттиҳоди сегонаи халифа, курдҳо ва қарматиҳо шикаст мехӯрад. Худи афшин Юсуф асир меафтад ва ӯро ба зиндони пойтахти хилофат шаҳри Бағдод мебаранд. Ба ҷои ӯ 4 сол давлати Соҷиёнро дабираш Собук роҳбарӣ менамояд.

Баъди 4 соли зиндонӣ будан, соли 923 халифа Муқтадир Юсуфро бо шарти он ки ҳар сол 500 ҳазор динор товон бидиҳад, аз зиндон озод мекунад. Аммо аллакай баъди як сол Юсуф ибни Абуссоҷ боз худро мустақил эълон карда, дар назди шаҳри Ҳамадонро лашкари халифаро мағлуб мекунад ва ин шаҳрро низ ба тобеияти худ медарорад.

Афшин Юсуф ибни Абуссоҷ баъди 27 соли ҳукмронӣ соли 928 ҳангомӣ амалиёти ҷангӣ бар зидди қарматиҳо вафот мекунад.

Баъди вафоти афшин Юсуф давлати Соҷиён низ оҳиста-оҳиста рӯ ба таназзул меорад. Ба ҷои ӯ ҷиянаш Абулмусофир амири давлати Соҷиён эълон мешавад, вале баъди як сол (соли 929) баъди шӯриши артишиёнаш ӯ кушта мешавад. Баъди кушта шудани Абулмусофири Фатҳ сулолаи Соҷиён амалан зимоми қудратро аз даст медиҳанд. Гарчанде, ки намояндагони ин сулола расман дар сари давлат буданд, вале қудрат дар дасти амалдори нав, ки онро «ҳомии шоҳ» меномиданд буд. Сараввал соли 929 ҳомии шоҳ роҳбари артишиёни шӯриш бардошта Муфлиҳ ал-Юсуфӣ буд. Соли 932 бошад, ин вазифаро лашкаркаши курд Дайсам ибни Иброҳим соҳиб мешавад, ки амалан зимоми қудрат дар дасти ӯ буд.

Барҳамхӯрӣ

вироиш

Охирин намояндаи афшинҳои Соҷиро соли 957 Дайламиҳо дар Ардабил ба қатл мерасонанд ва бо ҳамин давлати Соҷиён аз байн меравад.

Адабиёт

вироиш
  • Clifford Edmund Bosworth, The New Islamic Dynasties: A Chronological and Genealogical Manual, Columbia University, 1996.
  • V. Minorsky, Studies in Caucasian history, Cambridge University Press, 1957.
  NODES
os 1