Тазарв, мурғи тазарв, мурғи даштӣ, қирқовул (лот. Phasianus colchicus) — мурғи калонҷуссаи шикоршавандаест аp оилаи тазарвиҳо.

Тазарв

Тазарви маъмулии нар (шикорӣ)

Садои тазарв
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Phasianus colchicus Linnaeus, 1758
Зергуна
Шомили 32 зергуна
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз

Вижагиҳо

вироиш

Вазнаш аз 850 то 1500 г. Наринаи тазарв аз модинааш калонтар, пару болаш суп-сурх, думдароз аст. Тазарви модина қахваранг буда, парҳои баданаш холҳои сиёҳ доранд. Тазарв соле як бор тулак мекунад.

Тазарв паррандаи муқимист ва асосан дар туғайзори соҳили дарҳои Вахш, Зарафшон ва ғайра вомехурад.

Таснифот

вироиш

Дар Тоҷикистон як навъи тазарв (Ph. colchicus) ҳаст ва он 3 навъ — зарафшонӣ (Рh. соl. Zегаfсhаnicush); аз Панҷакент то маҳалли регзори Саидуқлӣ), тоҷикистонӣ (Рh. соl. turcectanica; поёноби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Кофарниҳон) ва сирдарёӣ (Рh. соl. turcectanicus; водии дарёи Сир) дорад. Зернамудҳои тазарв аз якдигар фақат бо ранги болупарашон (тазарвҳои нарина) фарқ мекунанд. Тазарв донахӯр ва эҳтиёткор буда, асосан сокини туғайзар аст. Баҳорон ба марғзор мебарояд.

Дар натиҷаи корам шудани заминҳои дарёбод ва нобуд гаштани тӯғайҳо саршумори тазарв ниҳоят кам шудааст. Аз ин рӯ, дар ҳудуди Тоҷикистон шикор кардани тазарв манъ аст. Дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» тазарвхои (фазанария) барпо кардаанд, ки дар он олимон барои афзун намудану ба табиат сар додани тазарв таҷриба мегузаронанд.

Адабиёт

вироиш
  • Тазарв / И. Абдусаломов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Олами ҳайвоноти Тоҷикистон, Д., 1976.
  NODES
os 1