Физиология
Физиоло́гия (аз юн.-қад. φύσις — табиъат λόγος — илм), корандомшиносӣ (форсӣ: کاراندامشناسی) — илмест, ки вазифаҳои ҳамаи узвҳои организмҳоро дар яклухти ва алоҳидаги меомӯзад. Физиология аз ҷумлаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ буда, фаъолияти ҳаётии узв, бофта ва ҳуҷайраҳои баданро дар зиндагӣ меомӯзад. Вай сабабҳо, роҳҳо ва қонунҳои раванди фаъолияти бадан ва амалиёти муттақобилаи онро бо муҳити атроф низ меомӯзад.
Калимаи физиология аз забони юнонӣ гирифта шуда, «Physic» табиат ва «Logos» таълимотро мефаҳмонад. Маънои луғавии ин калима хулосаи умумиест, ки бо таърифи илмии фанни физиология айният надорад. Агар ба ибораи дигар гӯем, физиология фаннест, ки ҷараёнҳои ҳаётии дар организми том, узв, бофта ва ҳуҷайраҳо рӯйдиҳанда, алоқаи зичу байниҳамдигарии онҳо ва робитаашонро бо муҳити атроф ҳамаҷониба меомӯзад. Физиология илми таҷрибавӣ мебошад.
Ҳамаи ахбору маълумотҳои он дар натиҷаи гузаронидани таҷрибаҳо дар ҳайвонҳо, ки просессҳои муҳими ҳаётии организми одам ва ҳайвонҳоро мефаҳмонанд, ба даст оварда шудааст. Физиологияи нормалӣ қонуниятҳои фаъолияти ҳаётии организми солим, механизмҳои ба таъсири омилҳои гуногун мутобиқшавии он ва ниҳоят устувории организмро меомӯзад. Ҳангоми мӯътадил будани муносибатҳои дуҷонибаи организм бо муҳити атроф фаъолияти мӯътадили тамоми узвҳои организм ба амал меояд.
Физиологияи нормалӣ ба таври умум асоси тамоми фанҳои тиббӣ ба шумор меравад, зеро бе донистани ҷароёни муътадили равандҳои физиологӣ пизишк беморро муолиҷа карда наметавонад.
Физиологияи нормалӣ таълими хотимавӣ дар қисмати таълимӣ то клиникии биологию тиббии донишҷуён биохимия, анатомия, гистология, аз тарафи дигар бо физиологияи патологӣ, фармокология, ва фанҳои препедевтикии клиникӣ алоқаманд аст. Ин фан дар асоси муносибати таҳлилию синтетикӣ бо баҳодиҳии функсияҳои гуногуни организми солим аз нуқтаи назари механизмҳо ва танзими онҳо таълим дода мешавад. Асоси илмии ин фан пешбинии вазъи фаъолият, қобилияти корӣ ва саломатии инсон мебошад.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишПайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи зистшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |