Худшефтагӣ — шефтагӣ, худхоҳӣ ва зиёд дӯст доштани худ.

Худшефта

Вожашинохтӣ

вироиш

Истилоҳи норсизм (худшефтагӣ) аз асотири юнонии марбут ба Норкисус писари худои рӯдҳо Кефис гирифта шудааст. Норкис як ҷавони хубчеҳра буд, ки аз ҳаҷри маъшуқааш Аху дар азоб буд ва барои ҳамин худро маҳкум ба ишқ варзидан ба чеҳраи худ дар канори рӯд кард. Атрофиён талоши зиёд карданд, то ба ӯ фаҳмонанд, ки зеботару хубтар аз чеҳраи ӯ низ вуҷуд дорад, вале ӯ напазируфт ва фақат ба чеҳраи худ нигоҳ кард, то вақте ки аз фарти хастагиву гуруснагӣ ба даруни рӯд афтоду ҷон бохт.

Пешина дар равоншиносӣ

вироиш

Ба ақидаи Фрейд, ин мафҳум барои аввалин бор дар равоншиносӣ тавассути Пол Нок ба кор гирифта шуд. Вай баъдҳо ин ақидаро тасҳеҳ мекунад ва тавзеҳ медиҳад, ки дар воқеъ, Ҳавлок Элисро бояд падидоварандаи ин истилоҳ донист. Худи Элис тавзеҳ додааст, ки ӯ ин истилоҳро дар соли 1898 барои тавсифи нигариши равонӣ ба кор бурд; Ва Нок дар соли 1899 инро барои муайян кардани навъе аз инҳирофи ҷинсӣ истифода кардааст. Ба ақидаи Элис, ӯ ва Нокро бояд ба таври муштарак падидоварандаи ин истилоҳ донист.[1] Худшефтагӣ эҳсосе аст, ки бисёре аз тарафдорони Фрейд онро сифоти зотӣ дар кӯдакӣ медонистанд. Ҳамон тавр ки Фрейд ва Франзӣ гуфтаанд, кӯдакон барои муддатҳои зиёде бо эҳсоси худбузургбинӣ зиндагӣ мекунанд. Пас аз таваллуд кӯдакон эҳсоси қудрати зиёде мекунанд ва ҳарҷо натавонанд кореро аз пеш бибаранд, эҳсосоти дардноке дар иртибот бо аз даст додан ин қудратро таҷриба мекунанд. Фрейд ақида дошт, дар афроди худшефта ин эҳсоси ҳаматавонӣ, ки ба сурати маъмул дар кӯдакон вуҷуд дорад, муҷаддадан таҷриба мешавад.

Инчунин

вироиш
  • Сноб
  • девонагии қайсарӣ

Қайдҳо

вироиш
  1. Otto., Fenichel, (2014). The Psychoanalytic Theory of Neurosis. Taylor and Francis. ISBN 978-1-134-96957-9. OCLC 879023287. 

Адабиёт

вироиш
  NODES