Ғалсама, обшуш - узви нафаскашии баъзе ҳайвоноти обӣ. Ғалсама девораҳои тунук дорад. Аз хун ё моеъе, ки дар девораҳои ғалсама давр мезананд, гази карбонат (CO2) ба об хориҷ ва оксиген (O2) ҷабида мешаванд.

Намуд ва тарзи кор

вироиш

Ғалсама дар ҷараёни таҳаввулот бо­ри аввал дар ҳалқакирмҳо пайдо шуда, шакли навори ҳам­вор, шонамонанд ё дупарра, инчунин торҳои му­қар­рарӣ ё шохамонанд дошт. Он дар узвҳои изофии паҳлуии ҳа­ра­кат (дар намудҳое, ки озод ҳаракат мекунанд) ё дар сар (дар намудҳое, ки дар лӯлаҳо зиндагӣ мекунанд) ҷой­гир аст. Ғалсамаи ктенидия ном нармбадан барҷастагии душоха буда, дар ковокии чинҳои пӯст қарор дорад. Ғалсамаи нарм­баданҳои лавҳачағалсама навори тӯрмонандро мемонад. Дар нарм­баданҳои шикампо бинобар номутаносибии бадан ғалсамаи тарафи рост нест шудааст; дар аксарияти онҳо аз сабаби гузаштан ба тарзи ҳаёти хушкӣ ғалсама тадриҷан тахфиф шуда, қисмате аз ҳуфраи чинҳои пӯст ба узви нафаскашии ҳа­воӣ табдил меёбад. ғалсамаи харчангшаклҳо чун узви изофии пой­ҳо рушд мекунад; қисми зиёди харчанг­шакл­ҳои дара­ҷаи паст (белпойҳо, гӯшмоҳидорон) ғалсама надоранд. Дар хар­чанг­шаклҳои олиташаккул ғалсама изофаи дупарра ё се­рқа­бати пой­ҳои сарсина мебошад. Дар натиҷаи ба ҳаё­ти хушкӣ му­то­биқ шудани баъзе харчангшаклҳо (намуд­ҳои тропикии харчангҳои баҳрӣ, харчангҳои гӯ­ша­нишин ва ғалсама) ғалсама ба­тад­риҷ сода шуда, ковокии ғал­са­мавӣ ба ковокии шу­шӣ табдил ёфтааст, ки барои нафас кашидани ҳа­во соз­гор аст.

Кирминаҳои ҳашарот, ки дар об зиндагӣ мекунанд (мас., кирминаи баъзе сӯзанакҳо), як навъ ғалсамаҳои тра­хеявӣ доранд. Барҷастагиҳои девори онҳо тунук бу­да, дар қисм­ҳои гуногуни бадан ҷой гирифтаанд. Тавассути де­во­ра­ҳои ғалсамаи трахеявӣ мубодилаи газҳо ба вуҷуд меояд. Аз сӯ­зан­пӯс­тон танҳо хорпуштҳои баҳрӣ ва си­тораҳои баҳ­рӣ ғалсама доранд.

Сохтори ғалсамаҳо

вироиш

Ҳамаи ҷонварони хордори аввалини обӣ дар ҳалқ сӯ­рох ё роғҳои ғалсамавӣ доранд. Онҳо бевосита ба берун ё ба ҳуфраи махсуси наздиғалсамавӣ, ки ба муҳити атроф пайваст аст, боз мешаванд. Дар рӯданафаскашҳо, пардадорон ва беҷумҷумаҳо (лан­сетникҳо) мубодилаи газ ҳан­гоми гузаштани об аз роғҳои ғалсамавӣ, ки дар байни де­во­раҳои онҳо раг­ҳои хунгард мавҷуданд, сурат мегирад. Гирддаҳонҳо 6–14 ҷуфт халтаи ғалсама­вӣ доранд, ки аз баргакҳои ғал­самавии энтодермӣ ба ву­ҷуд омадаанд. Ка­мо­нак­ҳои ғалсамавии тақсимнашуда дар беруни халта­ча­ҳои ғал­самавӣ ҷойгиранд. Баргак­ҳои ғал­самавии моҳи­ҳо аз эктодерма ташаккул меёбанд. Ним­ғалсамаҳои ду роғи ғал­самавии ҳамсоя, ки аз пасу пеши девораи ғалсамавӣ ҷой­гиранд, ғалсамаи комилро ба вуҷуд меоваранд. Дар гӯ­шаи дохилии девораҳои ғал­самавӣ камонакҳои ғалса­мавии ғуз­руфӣ ё устухонии банддор мавҷуданд. Канори беруни де­во­раҳои ғалсамавӣ фақат дар наҳангҳо роғи ғалсамаро ме­пӯ­шонад. Девораҳои ғалсамавии тосмоҳиҳо нисбат ба на­ҳанг­ҳо кӯтоҳтар буда, дар моҳиҳои устухондор қа­риб тамо­ман нест шудаанд.

Ғалсамаи обхокиҳо

вироиш

Дар обхокиҳо ғалсама узви нафаскашии кир­минагӣ дар об аст. Баъзе обхокиҳо (обхо­ки­ҳои думдор) ғалсама-и берунӣ ва об­хо­киҳои дигар (обхокиҳои бедум) ғалсама-и да­ру­нӣ ва берунӣ доранд. ғалсама-и берунии баъзе обхокиҳои думдор тамоми умр боқӣ мемонад. Саламандра (мас., саламанд­раи кали­форнӣ)-ҳое, ки ба тарзи зиндагонии рӯйизаминӣ – ҳавоӣ гузашта зиндазой шудаанд, мар­ҳалаи кирминагиро бо ғалсама-и берунӣ паси сар намекунанд. Дар обхокиҳои бедум (мас., қурбоқаи тропикии дарахтгард), ки бо об робита надоранд, ҳатто дар давраи тухм­монӣ низ ин мар­ҳа­лаи афзоиш вуҷуд надорад. Дар пӯсти баъзе қурбоқаҳое, ки шуши онҳо номукаммал аст, бар­ҷастагиҳои сершумори муваққатӣ падид омада, вазифаи ғалсама-ро иҷро мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  NODES