Ғассониён (ар. الغساسنة‎‎) — номи қабила ва сулолаи ҳукмрони араб (529—636) дар Фаластини Шарқӣ (ҳудуди имрӯзаи Сурияи Ҷанубӣ ва Урдун).

Ғассониён

220 — 638



Дирафш Нишон
Пойтахт Jabiyah[d]
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ

Зуҳур ва ташкили давлат

вироиш

Дар ибтидои асри V Ғассониён ҳокимияти сулолаи Солиҳиёнро дар Сурияи Ҷанубӣ барҳам дода, давлати мустақили худро таъсис доданд. Дар аҳди Ҳорис иб­ни Ҷабал (529—569) Ғассониён бо империяи шарқии Рум шарт­но­ма баста, минбаъд дар тамоми ҷангҳои румиён бо Эрон шир­кат доштанд.

Иштирок дар набардҳои минтақа

вироиш

Соли 545 Ҳорис бо мақсади забти Арабис­то­ни Марказӣ бо шоҳи сулолаи Лахмиҳо Мунзири III, ки ит­тифоқчии эрониён буд, ҷанг оғоз намуда, пас аз шикаст додани ӯ дар соли 554 қисме аз давлати ӯро тобеи худ кард. Дар замони ҳукмронии писари Ҳорис Мунзир (569—581) давлати Ғассониён ба авҷи қудрат расида, ӯ соли 570 шоҳи Лахмиҳо Қобусро шикаст дод. Минбаъд бо сабаби сар­пе­чӣ кардани Мунзир аз муҳофизати марзҳои империя, муносибати Ғассониён ва императори шарқии Рум сард гардид. Новобаста ба созиши дутарафа ва забт карда шудани пойтахти Лахмиҳо (578), иттифоқчиён чун пешин ба ҳам­ди­гар эътимод надоштанд. Соли 581 бо амри император Тиберий Мунзир ва ду писарашро дастгир карда, ба назди ӯ бурданд. Писари дигари Мунзир — Нуъмон соли 584 бо императори шарқии Рум ҷанг оғоз намуд, аммо дастгир ва ба Ситсилия бадарға гардида, давлати Ғассониён барҳам дода шуд.

Таназзули давлат

вироиш

Дар ибтидои асри VII император Ҳерақл (Ирак­лий) бо мақсади пешгирии хатари эҳтимолии арабҳо ҳокимияти Ғассониёнро бар­қа­рор намуд. Мутобиқи маъхазҳои форсии асри VII ҳокими Ғассониён Ҷабал ибни Айҳам дар муҳо­рибаҳои Думату-л-Ҷандал (634) ва Ярмук (636) аз ҷониби румиҳо ширкат намуда, пас аз шикасти онҳо ба Рум рафт ва соли 642 дар он ҷо фавтид. Пас аз ин ҳудуди давлати Ғассониён ба Хилофати Араб тобеъ гардид.

Адабиёт

вироиш


  NODES