Ҳоитиҳо
Ҳоитиҳо (ҳоитиён, фр. Haïtiens), гаитиҳо — сокинони асосии Ҷумҳурии Ҳоитӣ. Дар Ҷумҳурии Доминикан, ИМА, Куба, ҷазираҳои Бағам ва ғайра низ зиндагӣ мекунанд.
Сукунат | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бо забони криюлии ҳоитиёӣ (дар асоси омезиши шеваи нормандии забони фаронсавӣ бо баъзе забонҳои африкоӣ, шеваҳои ҳиндуёни маҳаллӣ ва забонҳои англисию испанӣ ба вуҷуд омадааст) муошират мекунанд. Шумораашон зиёда аз 10 млн нафар (2014). Ҳоитиҳо асосан пайрави равияҳои мухталифи дини масеҳӣ буда, эътиқодоти қадимии африқоӣ (вуду) низ дар миёни онҳо маъмул аст. Дар асрҳои 16–18 фаронсавиҳо ғуломони сиёҳпӯсти африқоиро барои кор дар плантатсияҳо аз Африқои Ғарбӣ ба ҷазираи Ҳоитӣ оварда буданд, аз ин рӯ 95 дарсади ҳоитиҳо сиёҳпӯстон ва 5 дарсади боқимонда мардуми омехта мебошанд. Шуғли асосии ҳоитиҳо кишоварзӣ (парвариши биринҷ, лубиё, ҷуворимакка, чойҷуворӣ, банан, маниок, қаҳва, найшакар ва ғайра) буда, қисме аз онҳо дар соҳаи тиҷорати сайёҳӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва истихроҷи маъдан низ кор мекунанд. Ҳангоми тозакунии замин ва корҳои обёрӣ дар миёни ҳоитиҳо ёрии байниҳамдигарӣ (кумбит) хос буда, дар он фақат мардон ширкат меварзанд. Ҳунарҳои ҳайкалтарошӣ ва ниқобсозӣ аз чӯб, гулдӯзӣ ва наққошӣ дар рӯи нақораҳо ва қурбонгоҳҳои маросимӣ дар миёни ҳоитиҳо хеле ривоҷ ёфтаанд. Хонаҳои ҳоитиҳо аксаран аз чӯб ва қисман аз хишт сохта шуда, боми онҳо бо шохаҳои нахл пӯшонида шудааст. Дохили хонаҳо бо рангҳои гулобӣ, сафед ё кабуд ва деворҳои берунии онҳо бо нақшу нигори гуногун оро дода мешаванд. Ҳоитиҳо дар тафовут аз дигар халқҳои мамолики атрофи баҳри Кариб фолклори пурғановат доранд. Дар эҷодиёти шифоҳӣ, мусиқӣ ва рақсҳои мардумии ҳоитиҳо таъсири фолклори халқиятҳои Африқои Ғарбӣ ва ҳангоми карнавалҳои халқӣ анъанаҳои ҳиндуёни маҳаллӣ хеле равшан ба чашм мерасанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Народы и религии мира. Под ред. В. А. Тишкова, М.,1998;
- Кулакова Н. Н. Гаитийцы: формирование этноса (колониальная эпоха). М., 1993.
Сарчашма
вироиш- Гаитиҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.