Ҷумҳурии Ҳондурас (исп. República de Honduras [reˈpuβlika ðe onˈduɾas]) — давлат дар Амрикои Марказӣ. Дар шимол бо баҳри Кариб, дар ҷанубу шарқ бо Никарагуа, дар ҷанубу ғарб бо Салвадор, дар ғарб ва шимол бо Гватемала ҳамҳудуд буда, аз ҷануб онро халиҷи Фонсеки уқёнуси Ором иҳота кардааст. Масоҳаташ 112 ҳазор км², ба ҳудудаш, инчунин ҷазираҳои Исласде-ла-Баия (Роантан, Утила) дохиланд. Дарозии хатти соҳилиаш 820 км. Аҳолиаш 8,4 млн нафар (2014). Пойтахташ — ш. Тегусигалпа. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 18 департамент тақсим мешавад. Иди давлатӣ — Рӯзи истиқлол (15 сентябр). Воҳиди пулӣ — лемпира (1 доллари ИМА баробар бо 18,9 лемпира).

Ҳондурас
исп. República de Honduras
Парчам Нишон
Шиор: «Libre, Soberana e Independiente»
Суруди миллӣ: «Tu bandera es un lampo de cielo»
Рӯзи истиқлолият (аз Испания)
Забони расмӣ испониёӣ
Пойтахт Тегусигалпа
Шаҳри калонтарин
Идораи давлат Ҷумҳурии президентӣ
Президент Хуан Орландо Эрнандес
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
101-ум ҷой дар ҷaҳон
112 090 км²
- %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2013)
  • Зичӣ
96-ум ҷой дар ҷaҳон
8 448 465[1]
63 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2019)
  • Ба сари аҳолӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
58,096 млрд[2] $
$
Пули миллӣ лемпира
Интернет-Домен .hn
Коди телефон +504
Соат UTC -6
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Сохти давлатӣ

вироиш

Ҳондурас — республикаи президентӣ. Конститутсияи амалкунанда 11.1.1982 (соли 1995 таҳрир шудааст) қабул гардидааст. Сардори давлат ва ҳукумат — Президент, ки аз тариқи овоздиҳии умумии мустақим ба муҳлати 5 сол (ҳуқуқи дубора интихоб шуданро надорад) интихоб мешавад. Мақоми олии қонунбарор — Конгресси миллии парламенти якпалатагӣ (128 вакил дорад), ки ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад. Мақоми олии судӣ — Суди Олӣ. Аъзои судро Конгресси миллӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамояд. Ҳондурас узви СММ, Созмони давлатҳои Амрико, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи 77 аст.

Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ

вироиш

Қариб 80 дарсади масоҳати Ҳондурас-ро кӯҳҳо ишғол кардаанд (баландиашон то 2700 м), соҳилҳояш пасту ҳамвор. Водии амиқи тектоникӣ аз шимол ба ҷануб, аз резишгоҳи дарёи Улуа то халиҷи Фонсек (280 км) тӯл кашидааст. Сарватҳои зеризаминиаш: сурб, руҳ, нуқра, тило, филиззоти ранга, оҳан, сурма, боксит, санги мармар. Иқлимаш тропикии пассатӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона дар пастиҳо аз 22° то 26° С, дар кӯҳистон аз 10° то 24°С. Миқдори бориши солона 3000-5000 мм. Мавсими сербориш аз май то октябр. Дарёҳои бузургаш — Улуа, Ануан, Патука ва Коко ба баҳри Кариб мерезанд. Кӯли бузургтарини Ҳондурас — Йохоа дар маркази мамлакат воқеъ буда, манбаи оби ширини кишвар аст. Дар баландии то 700 м — бешаи тропикии рутубатнок, аз он баландтар бешаи ҳамешасабзи омехтаи булуту қарағай; дар водиҳо — паттазори ба хушкӣ тобовар. Дар Ҳондурас 3 боғи миллӣ, аз ҷумла парваришгоҳи биосферии соҳилҳои дарёи Платано ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст, ки дар он 7 дарсади ҷинсҳои нодири ҳайвонот ва набототи рӯи олам ҳифз карда мешаванд. Хатарҳои табиӣ — заминҷунбӣ, ярч, тӯфонҳои шадид, махсусан дар соҳилҳои баҳри Кариб. Мушкилоти асосии экологӣ — ифлосшавии оби кӯли Йохоа аз партовҳои саноатӣ ва хоҷагии одамон, нобудшавии ҷангалҳо.

Аҳолӣ

вироиш

Қариб 86 дарсади аҳолии Ҳондурас-ро гондурасиҳои испанизабон ташкил дода, дар кишвар дурагаҳо (ладино), аврупоиҳо, африқоиҳои Амрико, ҳиндуҳои қабилаи майя ва дигар миллатҳо ҳам зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — испанӣ (бо шеваи амрикоӣ); дини ҳукмрон — католикӣ (97 %), инчунин протестантҳо (3 %) ҳастанд. Афзоиши солонаи аҳолӣ 2,9 % (2013). Таваллуд — 29,8 %, фавт — 5,2 %, фавти кӯдакон- 25,8 нафар ба 1000 навзод. Сабабҳои асосии фавт — бемориҳои сироятӣ, саратон, дилу рагҳои хунгузар. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 69,3 (мардҳо — 67,8, занҳо — 71) сол. Зичии миёнаи аҳолӣ 63 нафар дар 1 км2. 48 дарсади аҳолиаш шаҳрнишинанд. Шаҳрҳои бузургтаринаш Тегусигалпа, Сан-Педро-Сула, Ла-Сейба, Чолома, Эл Прогрессо.

Таърих

вироиш

Аз давраҳои қадим дар сарзамини Ҳондурас кишоварзӣ ривоҷ ёфта, қабилаҳои майя дар ҳудудҳои ғарбии мамлакат сокин шуданд ва дар ҳазорсолаи 1 то м. нахустин шаҳрҳоро (Пурэрто-Экосондидо) бунёд намуданд. Тамаддуни майя ба пешрафти дигар минтақаҳои Ҳондурас мусоидат кард. Дар асрҳои 3-9 анъанаи шаҳрсозӣ вусъат ёфта, марказҳои калони маданӣ ва фарҳангии Копан, Травесия, Серро-Паленке падид омаданд. То ибтидои асри 16 дар сарзамини Ҳондурас қабилаҳои ҳиндувони Амрико зиндагӣ мекарданд. Соли 1502 соҳилҳои Ҳондурас-ро Христофор Колумб кашф кард. Дар асри 16 онро мустамликахоҳони испанӣ забт ва ба ҳайати генерал-капитании Гватемала дохил карданд. Аҳолии маҳаллӣ ва ғуломони зангии африкоӣ сахт истисмор мешуданд. Дар натиҷаи ҷанги озодихоҳии мустамликаҳои Испания, ки солҳои 1810-26 давом кард, Ҳондурас соли 1821 аз тобеияти Испания озод гашт ва соли 1838 республика эълон шуд. Баъди ин дар Ҳондурас сармояи Англия нуфуз пайдо кард, вале онро аз охири асри 19 сармояи ИМА танг карда баровард. Баъди ба сари ҳокимият омадани М. А. Сото (1876-83) зимни ислоҳоти иқтисодӣ ва такмил додани усули идоракунӣ Ҳондурас рӯ ба тараққиёт оварда, пойтахти мамлакат аз Комаягуа ба Тегусигалпа кӯчонда шуд. Ибтидои солҳои 30 асри 20 дар Ҳондурас содироти банан ривоҷ ёфта, то 80 дарсади содироти хориҷии мамлакатро ташкил медод. Солҳои 1931-32 шӯришҳои деҳқонону батракҳо ба вуқӯъ омаданд. Диктатор Ҳондурас Кариас Андино ҳангоми ҳукмронӣ (1933-49) ҳаракатҳои демократиро бераҳмона пахш карда, бештар ба доираҳои молиявии хориҷӣ ва сарватмандони дохилӣ такя мекард. Зимни сиёсати идоракунии ӯ дар мамлакат давраи нисбатан оромӣ фаро расида, дар соҳаҳои молия, маориф, роҳсозӣ, содироти хориҷӣ (қаҳва, банан) ва таҷдиди неруҳои ҳарбӣ беҳбудиҳои назаррас падид омад. Дар солҳои ҳукмронии Президент Х. М. Галвесе (1949-54) нуфузи ИМА дар мамлакат афзуда, неруҳои ҳарбии амрикоӣ аз хоки Ҳондурас ба муқобили Гватемала интервенция сар карданд. Соли 1954 ҳаракати халқии зидди сиёсати амрикоипарастӣ авҷ гирифт. Соли 1957 Х. Р. Виледа Моралес президент интихоб гардида, ислоҳоти аграрӣ ва рушди соҳаи маорифро пеш гирифт ва мамлакат ба бозори умумии кишварҳои Амрикои Марказӣ ворид шуд. Соли 1963 намояндаи ҳарбиён О. Э. Лопес Ареляно зимни табаддулоти ҳарбӣ сардори давлат шуд, ки бо монополияҳои ИМА алоқаманд буд. Низомиён ба сари ҳокимият омада, на танҳо ҳизбҳои сиёсии пешқадам, балки намояндагони ватанпарвари сармоядорони миллиро низ таъқиб мекарданд. Июни 1971 консерватор Рамон Э. Крус президенти мамлакат шуд, вале бар асари табаддулоти ҳарбӣ 4 декабри 1972 ҳукуматро боз О. Э. Лопес Ареляно ба даст гирифт.

Баъди табаддулоти 22 апрели 1975 генерал Х. А. Мелгар Кастро президент шуд. Ҳукумати нав, сарфи назар аз изҳороти чандинкаратаи худ дар бораи татбиқи барномаи миллии тараққиёт ва идомаи ислоҳоти аграрӣ, сиёсатеро пеш гирифт, ки ба манфиатҳои латифундистҳо ва сарватмандони иртиҷоии бо монополияҳои хориҷӣ алоқаманд мувофиқат мекард. 7 августи 1978 дар Ҳондурас табадуллоти ҳарбӣ ба амал омада, ҳокимият ба дасти сарвари хунтаи ҳарбӣ П. Пас Гарсиа гузашт ва. Х. А. Мелгар Кастро сарнагун шуд. Дар ин давра муборизаи иттиҳоди неруҳои демократии мамлакат афзуд, то ки дар Ҳондурас дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, тобеият ва қафомонии кишвар барҳам дода шавад ва муносибат бо ҳамсояҳои хориҷӣ, бахусус Салвадор беҳтар гардад. Дар натиҷа 30.10.1980 дар Лима шартномаи сулҳи Ҳондурас бо Салвадор ба имзо расид. Январи 1982 либерал Р. Суасо Кордова президенти мамлакат интихоб шуд. Соли 1990 курсии президентӣ насиби консерватор Л. Каллйехас Ромеро гардид. Соли 1993 либерал К. Р. Рейна Идякес президенти Ҳондурас интихоб гардида, барои коҳиш додани нақши артиш дар мамлакат ва кам кардани хароҷоти соҳаи мудофиа як қатор чораҷӯиҳо намуд ва нафарони ғайринизомиро ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин кард. Соли 1995 парлумони Ҳондурас хидмати ҳарбии маҷбуриро барҳам дод. Солҳои 1997—2002 либерал К. Р. Флорес Факуссе президентии Ҳондурас-ро бар дӯш дошта, вазифаи раиси неруҳои мусаллаҳро барҳам дод ва Шӯрои олии ҳарбиро пароканда кард. Солҳои 2002-05 намояндаи ҳизби миллии мамлакат Р. Р. Мадуро Хоэст президент интихоб гардида, бо Куба муносибатҳои дипломатии 41 сол қабл қатъгардидаи мамлакатро барқарор намуд. Дар раъйпурсии 27.11. 2005 ғолибият насиби либерал Мануэл Зелайя Росалес гардид, ки соли 2009 бо ҳукми суд аз вазифааш сабукдӯш гардид. Ҳоло Хуан Орландо Эрнандес президенти Ҳондурас мебошад.

Ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳо

вироиш

Дар Ҳондурас асосан ду ҳизб — Ҳизби миллӣ (консервативӣ, таъсисаш 1891) ва Ҳизби либералӣ (нахуст ҳизби миёнаҳолон буд, таъсисаш 1891) нуфуз доранд. Дар Ҳондурас инчунин Ҳизби христианӣ-демократӣ (таъсисаш 1977), Ҳизби эҳё ва ягонагӣ (таъсисаш 1970) фаъолият мекунанд. Конфедератсияи меҳнаткашони Ҳондурас (1964), Маркази генералии меҳнаткашон (1966), Ассотсиатсияи миллии деҳқонон аз ҷумлаи ташкилотҳои Иттифоқҳои касаба мебошанд.

Иқтисод

вироиш

Ҳондурас мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомондаи Амрикои Лотинӣ маҳсуб меёбад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш (ММД) 35,2 млрд доллари амрикоӣ (2013) буда, аз он 13,5 % ба соҳаи кишоварзӣ, 30,7 % ба саноат, 56 % ба соҳаи хидматрасонӣ рост меояд. Маблағгузории хориҷӣ бештар аз ҷониби ИМА ба роҳ монда шудааст, ки асосан дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ (бештар бофандагӣ ва дӯзандагӣ) равона гардидаанд. Истеҳсоли неруи барк — 5,5 млрд кВт, мармар, гач, оҳак ва намак истихроҷ ва коркард карда мешавад. Пешрафти сохтмон ба истеҳсоли манбаъҳои семент мусоидат намуда, Ҳондурас дар Амрикои Лотинӣ баъди Бразилия ва Мексика ба ҷои севвум баромад. Дар саноати сабук соҳаҳои асосии он — хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, коркарди чӯб, инчунин косибӣ ривоҷ дорад. Дар Ҳондурас кишоварзӣ рушд ёфта, асосан барои содирот банан, қаҳва, равғани нахл, маҳсулоти баҳрӣ, сигор, тило ва барои истеъмоли дохилӣ ҷуворимакка, шолӣ, арзан, пахта, тамоку мекоранд. Аз хориҷа мошину таҷҳизот, маҳсулоти хӯрока, молҳои саноатӣ, сӯзишворӣ ва таҷҳизоти нақлиётӣ ворид мешаванд. Шарикони асосии тиҷоратиаш — ИМА, Салвадор, Гватемала, Мексика, Коста Рика ва Хитой. Чорводорӣ ва моҳидорӣ низ тараққӣ кардаанд. Бандарҳои асосиаш: Ла-Сейба, Пуэрто-Кастила, Пуэрто-Кортес, Сан-Лоренсо, Пуэрто-Лемпира.

Маориф

вироиш

77 дарсади аҳолии аз 15-сола боло саводноканд. Барои хонандагони аз 7 то12 — сола таълими ҳатмии ройгон ҷорӣ шудааст. Маълумоти олӣ асосан дар Донишгоҳи миллии Тегусигалпа (1947), Донишгоҳи омӯзгории миллии ба номи Франсиско Моранса, Донишгоҳи ба номи Хосе Сесилио дел Вале, Донишгоҳи католикии Гондурас ва донишгоҳи технологӣ дода мешавад. Академияи Ҳондурас дар Тегусигалпа воқест. Китобхонаи миллӣ (1880) ва Осорхонаи миллӣ дорад.

Нигоҳдории тандурустӣ

вироиш

Дар соҳаи тандурустӣ муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дошта, 1382 маркази саломатӣ, 91 беморхона мавҷуданд. Беш аз 55,4 дарсади маблағгузории соҳаи тандурустӣ ба давлат ва 44,6 % ба сектори хусусӣ рост меояд.

Адабиёт ва ҳунар

вироиш

Адабиёти нави Ҳондурас асосан солҳои 1820 баъди фарорасии истиқлол ташаккул ёфтааст. Адибони намоёни Ҳондурас: Р. Э. Вале шоир, таърихнигор ва эссеист, А. Диас Лосано (романҳои таърихии «Нур дар пайроҳа» (1931), «Шаҳр андаруни оташ» (1966), Ҳондурас К. Суарес — саромади ашъори нафиси шоирона, Р. Соса (мукофоти адабиёти испанизабононро ноил шуд; 1968), С. Лассо (романи «Буқаламуни хуфта», 1999), Х. Л. Оведо («Номзад», 1993), Р. Кесадо («Ҳангомаи банан», 1999), С. Родригес Индиано («Кабудии иллатбор», 2000).

Санъати тасвирии Ҳондурас дар заминаи тамаддуни қабилаи қадимии майя ташаккул ёфтааст. Яке аз марказҳои қадимии тамаддуни Ҳондурас дар ш. Копан воқест, ки дар он ҷо харобаи аҳром, маъбадҳои бошукӯҳ ва иморатҳои кандакории рӯисангӣ маҳфуз мондаанд. Баъди асри 16 тамаддуни аврупоӣ дар санъати меъмории Ҳондурас нуфуз ёфтааст, ки намунаи барҷастаи он ибодатхонаи де-Фуэрте дар Трухило (охири асри 16) мебошад. Соли 1940 дар Тегусигалпа мактаби саноеи нафиса таъсис ёфт, ки ба рушди санъати тасвирии миллии Ҳондурас замина гузошт. Рассомони намоёни Ҳондурас: П. Селая Сера, М. А. Руис, А. Лопес Родесно, Х. А. Веласкес ва дигарон. Мусаввараи Л. Э. Падиля сазовори Мукофоти аввали толори СММ (1980) гардид.

Расонаҳо

вироиш

Дар Ҳондурас 4 шабакаи телевизионӣ, 11 шабакаи телевизионии мавҷрасонӣ амал мекунанд. Намоишҳои телевизонӣ аз тариқи ширкати давлатӣ ва хусусӣ пешкаш мегарданд. Рӯзномаҳои машҳураш: «La Prenza Honduras», «Honduras This Week», «El Heraldo».

  1. Census.gov. Country Rank. Countries and Areas Ranked by Population: 2013(пайванди дастнорас — таърих). U.S. Department of Commerce (2013). 9 май 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2013.
  2. Report for Selected Countries and Subjects(англ.). IMF. 16 октябри 2020 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Капранова Ю. В. Республика Гондурас.//Латинская Америка и Карибы: Политические институты и процессы. М., 2000;
  • Страны и регионы мира: экономико-политический справочник. М., 2009; Страны мира. М., 2011.

Сарчашма

вироиш
  NODES