Ҳунарманд (форсӣ: هنرمند‎) — шахсе аст, ки ба офариниши осори ҳунарӣ мепардозад ё дар ҳар шохае аз фаъолиятҳои инсонӣ, ки ба ҳунар марбут мешавад дар ҳоли фаъолият аст. Корбурд аз вожаи «ҳунарманд» дар суҳбатҳои рӯзмара (ва ҳатто илмию фарҳангӣ) маъмулан фақат ба шахсе ишора дорад, ки дар ҳунарҳои таҷассумӣ машғули фаъолият аст. Ҳунарманд маъмулан ба касоне, ки барои саргармӣ ба ин амр машғуланд низ итлоқ мешавад. Ин истилоҳ барои мусиқидонон, навозандагон созҳо ва иҷрокунандагони намоиш низ ба кор меравад ва аммо дар мавриди бозигарҳо маъмулан аз лафзи ҳунарпеша истифода мекунанд. Албатта «ҳунарпеша» дар айни ҳол, ки бори маъноии бисёр мутафовите дорад, бо ҳунарманд мутародиф аст.


  NODES
os 1