WhatsApp — мессенҷери шахсӣ барои смартфонҳо мебошад. Бо воситаи он метавон паёмҳои матнӣ, тасвирот, видео ва аудиоро фиристод. Мизоҷон дар платформаҳои Android, BlackBerry OS, BlackBerry 10, iOS, Nokia Series 40, Symbian (S60) и Asha, Windows Phone кор мекунад. Ширкат аз тарафи Ян Кум ва Браян Эктон соли 2009 таъсис дода шудааст. Он дар Маунтин Вю, ИМА ҷойгир шудааст. Барои истифода соли аввал бепул аст, пас солона 0,99 доллари ИМА бозпардохт карда мешавад.

Навъ Низоми додугирифти хабарҳо барои смартфонҳо ва дигар таҷҳизотҳо.
Муаллиф Brian Acton[d] ва Jan Koum[d]
Тавсеъадиҳанда Парчами ИМА Meta
Навишташуда дар Erlang[1]
Системомил Android, iOS, Microsoft Windows, macOS, S40, Tizen, KaiOS.
Забони интерфейс 42 забон
Нахустин нусха феврали 2009
Платформаи дастгоҳӣ АйОс, Android ва Windows
Охирин нусха Android 2.21.9.15 ; iOS 22.9.76 (25 апрели 2022)
Бета-нусха Android 2.23.18.8
Форматҳои файлҳои хондашаванда WhatsApp stored messages[d]
Форматҳои файлҳои тавлидшуда WhatsApp encrypted database[d] ва WhatsApp stored messages[d]
Ҳолат Фаъол
Иҷозатнома Иҷозатномаи Проприетарӣ бо EULA (Европейский и другие регионы, для бизнеса)
Вебгоҳ whatsapp.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аллакай апрели соли 2012, бо боситаи WhatsApp рӯзона 2 миллиард, августи 2012 беш аз 10 миллиард ва июни 2013 беш аз 27 миллиард паёмҳо фиристода мешуданд. Ба ақидаи нашриёти Financial Times, барномаи WhatsApp низ бо SMS ҳамон хел корро мекунад, ки Skype бо зангҳои телефонии байналхалқӣ кардааст, яъне ҷояшро мегирад. Ҳамчунин мисли Skype, барномаро бояд ҳам ирсолкунанда ва ҳам қабулкунанда насб кунанд. Шумораи дурусти истифодабарони барнома аниқ карда нашудааст, аммо аз рӯи баҳои аналитик Бенедикт Еванс, зиёда аз 100 миллион мебошад. Августи соли 2013 шумораи истифодабарон аз 300 миллион гузашт. Зиёни расидаи операторони мобилӣ аз камшавии фоидаи SMS-паёмҳо, аз сабаби машҳур шудани WhatsApp, ба ақидаю таҳлили баъзеҳо, даҳҳо миллиард доллар расиданаш мумкин. 6 августи соли 2013 Whatsapp зиёда аз 300 миллион истифодабарони фаъол дошт, ки бо воситаи чат рӯзона зиёда аз 325 миллион суратро додугирифт мекарданд. Дар декабр шумораи истифодабарон ба 400 миллион расид. 28 феврали 2015, созандаи Facebook Марк Тсукерберг дар саҳифаи шахсии худ гузориш навишт, ки моҳона Whatsapp-ро 700 миллион нафар истифода мебаранд ва шумораи додугирифти паёмҳо (ҳар намуд) рӯзона зиёда аз 30 миллиард ададро расидааст. 19 феврали соли 2014 Facebook эълон кард, ки WhatsApp-ро бо арзиши 19 миллиард доллар соҳиб мешавад. Facebook 4 миллиардро нақд пардохт менамояд ва боқимонда 12 миллиард ҳамчун саҳмияҳояш мемонанд. Ба ғайр аз ин, аз рӯи созишнома омадааст, ки дар тӯли 4 соли басташавии он, ба созандагон ва коргарони WhatsApp саҳмияҳои бомаҳдуд бо нархи 3 миллиард доллари ИМА ирсол мегардад.

Маълумоти умумӣ

вироиш

Маълумоти техникӣ

Бехатарӣ

Махфият

Арзишнома

вироиш

Фурӯш ба Facebook

вироиш

Қатъшавӣ

вироиш

13 марти соли 2019 ин қатъшавии бардавомтарин дар таърихи ширкати Meta буд, ки 10 соат давом кард. Дар ин муддат FacebookInstagram, Messenger ва WhatsApp дар бисёр кишварҳои дунё дастнорас шуданд. Норасоиҳо бо сабабҳои «таъғиротҳо дар тарҳи сервер» рух додаанд.

25 октябри соли 2022, WhatsApp дар ҳудуди якчанд кишварҳои дунё фаолият намекард.

Нигаред

вироиш

Facebook

WhatsApp — аз англ. базлагӯёна гирифта шуда, дар асоси ибораи "What’s Up?" (тарҷумааш «Чи навигарӣ?», «Ҳа чихел?»), ин ҷо ба ҷойи «Up» ибораи ба талафуз мувофиқи «App» (аз application, mobile app — замима барои нармафзорҳои мобилӣ оварда шудааст.

Пайвандҳо

вироиш
  1. https://t3n.de/magazin/erlang-247504/
  NODES